Роҳ ба сӯйи ҷомеаи бидуни сил

Роҳ ба сӯйи ҷомеаи бидуни сил
Май 01
17:24 2022

Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ лоиҳаи “Ҷомеаи ман бидуни сил”-ро маблағгузорӣ мекунад, ки давоми се соли оянда дар шаш шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон татбиқ мегардад ва ҳадафҳои асосии он пешгирӣ, дарёфт ва табобати саривақтии ҳолатҳои бемории сил дар байни аҳолӣ тавассути ҷалби ҷомеаи маҳаллӣ ва гурӯҳҳои дастгирии беморон мебошанд.

Соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати тандурустии кишвар маҳсуб ёфта, пешрафту дастовардҳои он ба талошу ҳамкориҳои бисёрсоҳаву бисёрсамтаи тамоми қишрҳо ва сармоягузории хидматрасониҳои зиддисилӣ алоқамандии зич дорад. Бо дарназардошти ин омилҳо лоиҳаи “Ҷомеаи ман бидуни сил” ҳам аз нахустин лоиҳаҳое мебошад, ки мустақиман аз ҷониби шабакаи шахсони аз сил осебдида – Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” амалӣ мешавад.

Рӯзи 28 апрели 2022 дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сил – 2022 чорабинии ифтитоҳии лоиҳа бо иштироки васеи тамоми ҷонибҳо, роҳбарияти Анҷумани миллии сил дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои лоиҳа, сохторҳои тандурустии марбута, Сафирони пешгирии сил, табибону шахсони аз сил шифоёфта, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма баргузор гардид.

Зимни сухани мизбонӣ Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр меҳмононро ба диёри бостонии Кӯлоб хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки «Лоиҳаи «Ҷомеаи ман бидуни сил» оид ба пешгирӣ ва табобати яке аз бемориҳои вазнинтарини олам ба ҳисоб рафта, баргузории чунин чорабиниҳо баҳри пешгирии ин беморӣ аз манфиат холӣ нест. Ҳадаф пешгирӣ, дарёфт ва табобати саривақтии ҳолатҳои бемории сил дар байни аҳолӣ тавассути ҷалби ҷомеаи маҳаллӣ ва дастгирии беморон мебошад».

Ҳамзамон намояндагони муассисаҳои дахлдор, аз ҷумла Ҷамшед Муртазозода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани миллии сил ва Ҳамраиси Анҷумани ҷаҳонии сил дар минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ва Зиёвуддин Авғонов, Котиби масъули Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумуҳурии Тоҷикисон бо суханҳои ифтитоҳӣ баромад намуда, татбиқи лоиҳаи “Ҷомеаи ман бидуни сил»-ро муҳимму саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Дар ҷараёни суханронии худ Амирзода Абдухолиқ, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастовардҳо ва мушкилоти соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ибрози андеша карда, аз ҷумла таъкид дошт: – “Бояд зикр кард, ки бемории сил як бемории иҷтимоӣ буда, пешгирӣ, дарёфт ва табобати он танҳо масъулияти табибу бемор нест. Ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа барои муборизаи зиддисилӣ иқдоми ҳаётан муҳим ва таъхирнопазир аст, ки ин ҷанбаҳо, хушбахтона, дар доираи фаъолиятҳои лоиҳаи “Ҷомеаи ман бидуни сил” ба инобат гирифта шудаанд”.

Аҳаммияти татбиқи лоиҳа бо ҷалби кормандони иҷтимоӣ ва ҷомеаи аз сил осебдида ва чанд нуктаи мубрами дигар дар суханронии Питер Райли, Директори Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон ифода ёфт. Зикр гардид, ки ташаббус ва иштироки ҷомеаи маҳаллӣ дар раванди пешгирӣ, дарёфт ва табобати  саривақтии ҳолатҳои бемории сил нақши муассир дорад.

Дар маърузаи худ Сафаралӣ Наимов, Директори иҷроияи Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” ҳадафу мақсад ва вазифаҳои лоиҳаро ба ҳозирин шарҳ дод. Инчунин дар рафти чорабинӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа дар бораи вазъи эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои минтақа маълумоти муфассал дода шуда, зимни муколамаҳо зарурату имконоти лоиҳа ва татбиқи самараноки он баррасӣ гардид.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби Сафирони пешгирии сил – овозхони шинохта Ҳабиб Ҳакимов, ҳаҷвнигор Муқимҷон Абдуфаттоев ва гурӯҳҳои ҳунарӣ барномаи рангин, аз ҷумла таронаву рақсу ҳаҷв пешниҳод гардид, ки ҳадаф аз онҳо намоиши симои мусбии бемории сил, адвокатсия, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа, рафъи доғгузориву табъиз нисбати беморони сил мебошад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 740
  • 1,242
  • 949,760