Роҳҳои пешгирӣ аз авҷи дубораи COVID-19: Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Маслиҳати мутахассис» аз Радиои «Ховар»

Роҳҳои пешгирӣ аз авҷи дубораи COVID-19: Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Маслиҳати мутахассис» аз Радиои «Ховар»
Июн 19
07:41 2020

Бемории сироятии каронавируси нави СOVID-19, ки имрӯз кишварҳои зиёди оламро фаро гирифта, аз таъсири он талафоти зиёди ҷониву молӣ дида шуд, яке аз масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Бо кӯшиш ва заҳмати мутахассисони соҳа, бахусус табибон ва олимон, инчунин риояи меъёрҳои санитариву эпидемиологӣ имрӯз теъдоди сироятёфтагони бемории COVID-19 дар сатҳи ҷаҳонӣ то андозае кам шуда, аҳолӣ ба ҳаёти муқаррарии худ баргашта истодааст. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шумораи беморони каронавируси нави COVID-19 рӯ ба камшавӣ ниҳода, теъдоди беморони ин навъи вирус аллакай дар беморхонаҳо башумор мондаанд. Коршиносони соҳа бар ин назаранд, ки беаҳамиятии бархе аз шаҳрвандон нисбат ба роҳҳои пешгирии бемории COVID-19 метавонад барои мубориза бо ин беморӣ мушкил эҷод кунад.

Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба роҳҳои пешгирии авҷи дубораи каронавируси COVID-19 имрӯз соатҳои 08:30, 17:30 ва 21:30 дар барномаи «Маслиҳати мутахассис» – и радиои «Ховар»  бо иштироки сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои шуш Ҳакима Ахмедова дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 712
  • 1,242
  • 949,732