Робитаҳои байналмилалии вазорат густариш меёбанд

Робитаҳои байналмилалии вазорат густариш меёбанд
Июл 23
10:13 2020

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди робитаҳои байналмилалӣ дар доираи сиёсати ягонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида фаъолиятро ба роҳ мондааст.

Бо мақсади рушди ҳамкориҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Арабии Миср, Аморати Араб, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай якчанд самтҳои ҳамкории соҳавӣ пешниҳод шуда, ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ дастгирӣ ёфтаанд. Ҳамзамон, дар дар ин давра дар доираи ИДМ якчанд видеоконфронсҳо гузаронида шуда, иҷрои протоколи чаласаҳо тибқи накшаи пешбинишуда амалӣ шуда истодааст.

Ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар самти пешгирии хуруҷ ва паҳншавии сирояти коронавирус дар доираи ҳамкориҳо  аз Ҷумҳурии мардумии Чин 15 нафар мутахассисони соҳаи эпидемиология, пулмонология, реаниматология, тибби халқӣ ва техникаи тиббӣ, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 8 нафар мутахассисон, аз ҷумла эпидемиолог, пулмонолог, реаниматолог ва вирусологҳо, аз Ҷумҳурии Лаҳистон 15 нафар, аз ҷумла реаниматолог, табиби ташхисгар-функсионалист, сироятшинос ва коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз таҷрибаи бадастомада дар самти муваффақ гардидан бар зидди сирояти коронавирус бо табибони тоҷик ҳамкорӣ намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 639
  • 1,242
  • 949,659