РОССИЯ: Иштироки Ғафур Муҳсинзода дар форуми “Ҷомеаи Солим”

РОССИЯ: Иштироки Ғафур Муҳсинзода дар форуми “Ҷомеаи Солим”
Июл 30
11:26 2024

Рӯзҳои 24-25 июли соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия таҳти унвони “Ҷомеаи солим” форум баргузор гардид.

Дар форуми мазкур масъалаҳои навсозии соҳа, рушди техналогияҳои инноватсионӣ, рақамикунонии соҳа, ҳифзи саломатии аҳолӣ, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, навоварӣ дар табобат ва пешгирии бемориҳо, солимии равонӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар форуми “Ҷомеаи солим” зиёда аз 1000 нафар аз 17 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин форум муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода муаррифӣ намуд.

Зимни суханронии хеш Ғафур Муҳсинзода иброз дошт, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ, татбиқи қоидаҳои Байналмилалии тиббию санитарӣ оид ба муқовимат ба бемориҳои сироятӣ, назорати эпидемиологӣ, тайёр кардани кадрҳои тиббӣ, инчунин расонидани ёрии махсуси тиббӣ ва дорусозӣ бо суръати баланд рушд мекунад.

Гуфта шуд, ки ба роҳ мондани робитаҳои мустақим байни вазоратҳои тандурустии ҳар ду кишвар ба рушди самараноки ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолии мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 1,708
  • 2,153
  • 988,290