Рушди хизматрасонии тиббии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар заминаи фаъолияти Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”

Рушди хизматрасонии тиббии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар заминаи фаъолияти Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”
Феврал 28
09:51 2023

Дар баробари   азнавсозии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таҷҳизонидани онҳо бо лавозимоти тиббӣ, инчунин, ҷалби мутахассисон ба курсҳои омӯзишии тибби оилавӣ, таъмири куллии марказҳои саломатӣ ва дар замина таъмин намудани шароити хуби корӣ аз зумраи ҳадафҳои аслии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” маҳсуб меёбад.

Дар соли 2022  тибқи нақшаи кории Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори марказҳои саломатии деҳоти 6 ноҳияи нави таҷрибавӣ; Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, инчунин ноҳияи  Дарвози ВМКБ барои гузаронидани корҳои таъмирӣ дар 35 маркази саломатии деҳот корҳои назарре ба сомон расонида шуданд.

Дар ин давра бобати аз таъмини капиталӣ баровардани 35 марказҳои саломатии ноҳияҳои мазкур бо як қатор корхонаҳои сохтмонӣ шартномаҳои ҳамкорӣ баста шуда,  ба ҳолати феълӣ  корҳои таъмирӣ дар 14 маркази саломатии деҳот ба охир расонида шуд, ки дар ҳоли идома қарор доштани таъмири капиталии 7 Маркази саломатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон аз зумраи онҳо маънидод мегардад.

Маврид ба ёдоварист, ки аз аввали татабиқ гардидан нақши Лоиҳа дар рушди хизматрасонии тиббии ноҳия болозикр муассир арзёбӣ мегардад. Айни замон корҳои таъмирӣ дар 7 Маркази маломатӣ аз ҷумла; Марказҳои саломатии деҳоти “Пушкин”, “Марғоб, “Дӯстӣ”,  “Ҳуҷамумин”,  “Давлатобод”, “Меҳвар” ва “Меҳнатобод”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корҳои таъмири дар сатҳи баланд ҷараён дорад ва таи рӯзҳои наздик қисме аз онҳо мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз аввали соли 2022   дар доираи татбиқи маблағгузории аз рӯи натиҷаҳои фаъолият 208208,29 доллари ИМА дар шакли иловапулӣ ба кормандон ва барои нигаҳдории Марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатии ноҳия пардохт карда шуд. Бо мақсади беҳтаргардонии иқтидори кадрии сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 21 нафар мутахассисон  бо давраҳои бозомӯзии тибби оилавӣ фаро гирифта шуданд.  Дар баробари ин, бо мақсади беҳтаркунии заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС-и ноҳия 20 адад қуттиҳо барои муроҷиати хаттии шаҳрвандон ба маблағи 688,50 доллари ИМА, 20 адад ноутбук барои маркази саломатии деҳот ба маблағи 14 198,7 доллари ИМА, 20 адад борхалтаҳои тиббӣ барои кормандони миёнаи тибб ба маблағи 5803,5 доллари ИМА, таҷҳизотҳои тиббӣ ба маблағи 170652,46 доллари ИМА, 7 адад генератор ва 7 адад обгармкунаки офтобӣ ба маблағи 43785,00 доллари ИМА, як адад автомашинаи хизмати ва маводҳои иттилоотӣ оид ба муроҷиати шаҳрвандон ба маблағи 293,14 доллари ИМА харидорӣ ва дастрас карда шудааст. Бо мақсади такмили инфрасохтори муассисаҳои КАТС-и ноҳия  аз аввали соли 2022 корҳои таъмири  дар 7  маркази саломатии деҳот оғоз ва барои иҷроиши он 64116,7 доллари ИМА пардохт карда шуд.

Аз аввали татбиқ гардидани Лоиҳа дар марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатии ноҳия   дар доираи татбиқи маблағгузории аз рӯи натиҷаҳои фаъолият 225193,20 доллари ИМА дар шакли иловапулӣ ба кормандон ва барои нигаҳдории Марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатии ноҳия пардохт карда шудааст.

Бо мақсади беҳтаргардонии иқтидори кадрии сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия аз аввали татбиқ як қатор даврҳои омӯзишӣ  гузаронида шуданд, ки  дар онҳо 579 нафар  мутахассисон иштирок намуданд.  Аз  ҷумла,  42 нафар мутахассисон  бо давраҳои бозомӯзии тибби оилавӣ, 1 нафар корманди тибби ноҳия бо даврҳои омӯзишии менеҷменти тандурустӣ, 66 нафар мутахассисон бо давраҳои омӯзишӣ оид ба  маълумотнокии компютерӣ, 401 нафар  бо давраҳои  омӯзишӣ оид ба принсипҳо ва механизмҳои асосии маблағгузории муассисаҳои тандурустӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият ва 90 нафар бо давраҳои омӯзишӣ оид ба истифодабарии системаи иттилоотии идоракунии маблағгузории аз рӯи натиҷаҳои фаъолият фаро гирифта шудаанд. Аз аввали татбиқи Лоиҳа бо мақсади беҳтаркунии заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС-и ноҳия таҷҳизотҳои компютерӣ (ноутбук-41 адад, планшет-23 адад, модем 21 адад ва принтер-22)  ба маблағи 48996,0 доллари ИМА, 125 адад борхалтаҳои тиббӣ (21 адад барои табибон ва 104 адад барои кормандони миёнаи тиб) ба маблағи 43012,92 доллари ИМА, 20 адад қуттиҳо барои муроҷиати хаттии шаҳрвандон ба маблағи 688,50 доллари ИМА, таҷҳизотҳои тиббӣ ба маблағи 170 652,46 доллари ИМА, 7 адад генератор ва 7 адад обгармкунаки офтобӣ ба маблағи 43785,00 доллари ИМА, як адад автомашинаи хизмати ва  маводҳои иттилоотӣ оид ба муроҷиати шаҳрвандон ба маблағи 293,14 доллари ИМА харидори карда шудааст.   Бо мақсади такмили инфрасохтори муассисаҳои КАТС-и ноҳия  аз аввали амалисозии Лоиҳа корҳои таъмири  дар 7  маркази саломатии деҳот оғоз ва барои иҷроиши он 64116,7  доллари ИМА пардохт карда шуд. Ҳаҷми умумии маблағҳои  азхудшуда дар н. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  аз аввали татбиқи Лоиҳа  605 107,31  доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.

Ба андешаи табибон ва аҳолии деҳот нақши Лоиаи “Беҳтар намудани зиҳматрасонии тиббӣ” ба рушди хизматрасонии тиббӣ муассир буда, раванди фаъолияти Лоиҳа бобати боз ҳам хубтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия идома дорад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 729
  • 1,242
  • 949,749