Сафари ҳайати кории намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ поён ёфт

Сафари ҳайати кории намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ  поён ёфт
Январ 27
13:23 2020

Сафари навбатии кории ҳайати намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ, ки дар бахши тандурустӣ фаъолият доранд, хотима ёфт. Зимни ташрифи худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони ин хазинаи бонуфуз бо роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони ташкилотҳои байналмилалие, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, вохӯриҳо анҷом дода, бо рафти амалишавии лоиҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз наздик шинос шуданд. Роҳбари дафтари  Намояндагии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Ян Пирет Олтерс ва роҳбари гурӯҳ хонум Кейт Мандевил аз дастгириҳои  пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷӯҳи хосаи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти истифодаи босамару шаффофи инвеститсияи хориҷӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зимни вохӯрӣ бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Насим Олимзода зикр намуданд, ки фаъолияти Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”-и назди вазорат қонеъкунанда буда,натиҷаҳои онро дар навоҳии таҷрибавии кишвар ба хубӣ дидану ҳис кардан мумкин аст. Зимни сӯҳбати самимӣ  Насим Олимзода бо қаноатмандӣ аз фаъолияти ин Бонки бонуфуз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти ҳифзи  саломатии мардуми кишвар ёдовар шуда, ҳамзамон зикр намуд, ки зимни амалисозии Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” аҳолии даҳ ноҳияҳои таҷрибавӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон дастгирии зиёд ёфтанд.

Ба рафти амалишавии Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” ҳамаи аъзоёни гурӯҳи корӣ баҳои баланд дода, ҳамзамон пешниҳод доранд, ки механизми маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаи фаъолиятро дар самтҳои дигар низ метавон истифода кард. Ба хусус дар самти  иммунизатсияи кӯдакони то 5 сола, дарёфт ва ба табобат ҷалб кардани гирифторони фишорбаландӣ, инкишофи барвақтии кӯдакон ва ҳифзи сиҳатии модару кӯдак истифода кардан бамаврид хоҳад буд.

Ҳайати расмии Бонки умумиҷаҳониро ҳамчунин муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози Лоиҳа Саида Ғайрат ба ҳузур пазируфта, натиҷаи амалишавии Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” ва фаъолияти минбаъдаи ин хазинаи байналмилалиро дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ Кейт Мандевили (муттахасис оид ба тандурустии ҷамъиятӣ) иброз дошт, ки “Бо назардошти фаъолияти хуби Лоиҳаи мазкур мо фаъолияти онро барои ду соли дигар тамдид кардем ва тӯли ин ду сол дар баробари 10 ноҳияи таҷрибавии мавҷуда, боз 6 ноҳияи дигар ба ин барнома шомил  хоҳанд шуд ва дар натиҷа мо метавонем ба кормандони тибби муассисаҳои шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарии 16 ноҳия маблағҳои иловагиро аз рӯи натиҷаи фаъолияташон пардохт кунем. Фикр мекунам ин дстгирии хубе хоҳад буд аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ ба системаи тандурустии кишвар”.

Намояндагони ҳайати кории Бонки умумиҷаҳонӣ ҳамзамон пешниҳод карданд, ки дар яке аз ноҳияҳо ба таври таҷрибавӣ гузаштан аз системаи маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият ба маблағгузории сарикасӣ роҳандозӣ гардида, мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Ҳамчунин Бонки умумиҷаҳонӣ ният дорад дар мавриди таъмини ноҳияҳои дурдаст бо мутахассисони соҳаи тиб як таҳлили  амиқ гузаронида, роҳҳои ҷалбу ҳавасмандкунии мутахассисонро ба муассисаҳои тиббии деҳот  пешниҳод кунад.

Ҳайати гурӯҳи кории бонки умумиҷаҳонӣ ҳамчунин бо намояндагони идораву вазоратҳои марбутаи дигар аз ҷумла бо масъулони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти  назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Донишгоҳи Давлатии таббии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуривии таълимию клиникии тибби оилавӣ, Маркази омори тиббӣ, роҳбарони ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, аз ҷумла Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, GIZ вохуриҳои судманд доир намуданд. Ба хусус иштироки гурӯҳи намояндагон дар машварати кории Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо боиси ҳаллу фасли аксар масоили дарпешистода гардид.

Зимни боздид аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҳайати меҳмонон бо  шароити таълиму илмомӯзии табибони оянда, имкониятҳои  муосири техникиву тарзи гузаронидани санҷишу имтиҳонҳо, синфхонаҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, ситемаи ягонаи электронии ин муассисаи таълимӣ аз наздик ошно шуданд.

Намояндагони масъули Бонки умумиҷаҳонӣ зимни вохурии ҷамъбастӣ қайд карданд, ки омодаанд минбаъд низ ҳамкориро бо сохторҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ идома диҳанд. Дар навбати худ вазир Насим Олимзода иброз дошт, ки барои ҳамкориҳои дуҷониба тамоми шароитҳоро фароҳам оварда, ҳамеша дар амалишавии лоиҳаҳои тандурустӣ мусоидат хоҳад кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 971
  • 1,242
  • 949,991