Корҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус

Корҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус
Апрел 15
15:53 2020

Имрӯз, 15 апрели соли равон  бо ташаббуси “Иттиҳодияи табибони ҷавон” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зери шиори “Мо табибони ҷавон рисолати касбии худро ҳифз менамоем” дар 19 муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби аъзоёни ташкилоти мазкур ба хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур вобаста ба роҳҳои пешгирии сирояти коронавирус ва риояи гигиенаи шахсӣ  маълумот пешниҳод карда шуд.

Ҳамзамон, ба хонандагони муассисаҳои мазкур варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба роҳҳои пешгирии сирояти коронавирус тақдим карда шуд.

Бояд гуфт, ки чунин вохуриҳо бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Сино,  Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонӣ низ аз ҷониби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи табибони ҷавон”  дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи табибони ҷавон” таъсис дода шудааст, ки ҳадаф ва мақсади он дар байни аҳолӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии  ҳар гуна бемориҳо мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,406
  • 1,495
  • 962,907