Сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад

Сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад
Сентябр 02
09:03 2020

Тайи солҳои охир бунёд гардидани муассисаҳои тандурустии замонавӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат, ворид намудани технологияҳои муосири тиббӣ, ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи тиб ба марказҳои саломатӣ муаррифгари пешрафти илми тибби тоҷик гаштааст. Дар баробари ин, бо мақсади ҳарчи беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҳамакнун дар дурдасттарин минтақаҳои ҷумҳурӣ низ муассисаҳои соҳаи тандурустиву тиббӣ аз таъмиру тармими капиталӣ бароварда шуда, инчунин дармонгоҳҳо ва марказҳои саломатии замонавӣ бунёд гардида истодаанд, ки дар ҳоли идомаёбӣ қарор доштани сохтмони якчанд беморхонаву дармонгоҳҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ далел ба гуфтаҳои боло мебошад.

Перомуни ҳолати хизматрасонии тиббию санитарӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ хабарнигори Паёми шифо ба менеҷери шабакаи муасиссаҳои  Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Рӯдакӣ Ҷалилов Пирумшо Басирович муроҷиат намуд. Гузориши мазкур дар асоси маълумотнома перомуни ҳолати хизматрасонии тиббию санитарӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин суҳбат бо роҳбари КАТСи ноҳияи мазкур Пирумшо Ҷалилов омода гардидааст.

Зимни суҳбат роҳбари КАТС –и ноҳияи Рӯдакӣ Пирумшо Ҷалилов иброз дошт, ки тайи 6 моҳи соли 2020 аз ҷониби кормандони шабакаи муасиссаҳои  Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Рӯдакӣ маҷмуан  630124   нафар муроҷиаткунандагон қабул карда шудаанд, ки аз ин миён 473480 муроҷиати онҳо бо сабаби беморӣ сурат гирифтааст. Дар баробари ин, вобаста ба самтҳои иҷроиши Барномаи  ташаккули  тарзи  ҳаёти  солим ҳамин нуктаро мехоҳам иброз дорам, ки аз ҷониби  кормандони  МТТҲС-и  ноҳияи  Рӯдакӣ  дар  шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ чорабиниҳои мухталифи соҳавӣ дар сатҳи  маҳалливу  минтақавӣ  дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба нақша гирифта, гузаронида шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 168705 нафар сокинони синну соли гуногун иштирок карданд. Ҳамзамон, дар миқёси  ноҳия аз чониби сохторҳои гуногун, новобаста аз шакли моликият дар самти ташаккули тарзи  ҳаёти  солим оиди пешгирии бемории сил, бемориҳои ғайрисироятӣ, майзадагӣ, тамокукашӣ, бемориҳои ШРН, ВНМО, вараҷа, зардпарвин, камхунӣ, нашъамандӣ, баландбардории сатҳи маьрифатноки омма, риояи ғизои солим, танзими оила, гигиенаи шахсӣ ва тарзи дурусти истифодаи ниқоб, фаъолнокии ҷисмонӣ, эмгузаронӣ ва бемориҳои идорашаванда, пешгирии бемории коронавирус ва ғайра як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуд.

Дар ин миён яке аз нишондодҳои асосии солимии ҷомеа ин сатҳи сиҳатии модару кӯдак мебошад. Аз ин сабаб масъалаи сиҳатии модарон зери назорати доимии маъмурияти КАТС қарор дорад. Ҳамчунин, дар маркази ноҳия бо мақсади бартараф кардани хатари осеббардорӣ ва бақайдгирӣ, ғайр аз ин, омилҳои татбиқи иқлимӣ ташкил карда шуда, аз рӯи онҳо корҳо бурда мешавад. Ин аст, ки байни толибилмон ва гуруҳҳои аҳолӣ ҷиҳати пурзӯр кардани корҳои профилактикӣ оид ба пешгирии осебҳо, шахсони мутасаддӣ таъйин карда шудаанд. Ба ин қонеъ нагардида, тавассути радиои маҳаллӣ бо иштироки табибони осебшинос оид ба масъалаи осеббардорӣ, ташхис, табобати замонавӣ ва офиятгардонӣ аз осебрисолаҳо барномаҳо мустақим пахш гардида, дар баробари ин, вобаста ба пешгирӣ ва хатари паҳншавии бемории  сироятии  COVID-19 мутахасиссони   осебшинос  ва раддодони Марказҳои саломатии ноҳиявӣ низ ба гаштугузори хонагӣ  вобаста гардида, оиди пешгирӣ ва ҳолатҳои санитарии беҳдоштӣ, маъракаҳои тарғибу ташвиқот ба роҳ монда шуданд. Дар ҷаласаҳои пагоҳирӯзӣ бошад,  байни кормандони Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Марказҳои саломатии деҳот, инчунин, сардухтурони МСД-ҳо оиди пешгирии осеббардорӣ ва ёрии аввалини тиббӣ дарсҳои амалӣ ва семинарҳо хонда шуд. Дар ин замина аз тарафи мутахасиссони осебшинос байни 1420 нафар кормандони ШКД, БДА ва аҳолии ноҳия дарсҳои амалӣ ҳангоми сар задани садамаҳои нақлиётӣ ва осебҳо, инчунин, пайдоиши бемории COVID-19  маърӯзаҳо хонда шуд.

Бояд қайд намуд, ки ҳамаи муасиссаҳои истеҳсолӣ, ки дорои хатари осеббардорӣ мебошанд, ба қайд гирифта шудаанд ва зери назорати доимӣ қарор доранд. Дар муассисаҳо корҳои пешгирӣ оиди осебгирӣ гузаронида шуда, қуттиҳои ёрии аввалин ва нуқтаҳои ёрирасон ташкил дода шудаанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб пешниҳод менамоям, ки ба барномаҳои таълимии мактабҳо оид ба пешгирии осеббардорӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим гузарондани машғулиятҳо ворид карда шавад. Дар маҷмуъ тайи 6 моҳи соли ҷорӣ ба КАТС –и ноҳия ҳамагӣ 1100 нафар бо гирифтани осеб муроҷиат намудаанд.

Қобили тазаккур аст, ки Маркази мубориза алайҳи бемориҳои сил баъди воридоти барномаи стратегияи ДОТС оид ба саривақт муайян намудану табобати бемориҳо ва пешгирии бемориҳои сил, дар байни аҳолӣ фаъолият намуда истодааст. Дар 6 моҳи соли 2020 -ум 180  нафар беморони дорои ин аломат ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 13  нафар кӯдакони то синни 14 – сола мебошанд. Ташхиси бо бемор алоқаи зич доштагон дар 6 моҳи соли ҷорӣ 720 нафар буда, аз ин миён 15 нафар ҳамчун бемор ба қайд гирифта шудааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки муоинаи тиббӣ профилактикӣ байни мактабҳо, парваришгоҳҳо ва боғчаҳои бачагона ҳар чоряк гузаронида мешаванд.  Ҳоло бошад, дар қайди диспансерӣ ҳамагӣ 1563  нафар  бемор қарор дошта, аз ин 443  нафар  маъюбони  аз 18 – сола  боло мебошанд. Дар умум солимгардонӣ дар хурдсолон 0 нафар ва дар калонсолон 1 нафарро ташкил медиҳад.

Маркази саломатии ноҳиявӣ фаъолияти худро айни ҳол дар бинои нав пеш бурда истода, шуъбаҳои 1-ум ва 2-юми тибби оилавӣ бо мудирони  шуъбаҳо таъмин карда шудаанд. Ҳамагӣ дар ноҳия 127 нафар табибони тибби оилавӣ ва 350 нафар ҳамширҳои тибби оилавӣ фаъолият бурда, аз онҳо 140 нафар бо дипломи тибби оилавӣ ба кор қабул карда шудаанд. Аз табибони амрози занона, кӯдакона ва табибони бемориҳои дарунӣ дар ноҳия 96 нафар бозомӯзонида шудаанд ва 48 нафари онҳо дараҷаи тахассуснокӣ доранд. Айни ҳол  25 нафар ҳамшираҳо бо фармоиши сохтори КАТС-и ноҳия барои бозомӯзӣ дар Маркази таълимии клиникаи тибби оилавӣ дар ноҳияи  Рӯдакӣ роҳхат гирифта ва 19 нафар ҳамшираҳо аз курси такмили ихтисоси тибби оилавӣ гузаштаанд.

Айни ҳол дар марказҳои саломатии деҳот кушодани шуъбаи табобати рӯзонаву ҳуҷраҳои хатна ва ба фаъолияти пурраи тибби оилавӣ гузаштан ба нақша гирифта шудааст.

Тавре дар рафти суҳбат Пирумшо Ҷалилов изҳор намуд, сарфи назар аз таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати васеъ намудани доираи тадбирҳо баҳри беҳбудии сатҳи солимӣ ва некӯаҳволии аҳолӣ, ки омили инъикоскунандаи вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷисмонии ҷомеа мебошад, то ҳанӯз баъзе мушкилот дар соҳаи тандурустии ноҳияи Рӯдакӣ ба чашм мерасанд, ки роҳбарият ва кормандони КАТС дар ҳамдастӣ бо мутахассисони марбутаи соҳа ва ҳукумати маҳал ҷиҳати ҳалли саривақтии ин камбудиҳо чораҳои мушаххас меандешад. Чунончӣ, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тибби ба аҳолӣ, таъмини амнияти саломатии мардуми ноҳияи Рӯдакӣ дар оянда бояд иҷроиши бандҳои Стратегияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар байни кормандони тиб ва аҳолӣ” таъмин карда, ҳамчунин, кумаки аввалияи тиббиву санитариро дар Марказҳои саломатии ноҳиявӣ, Марказҳои саломатии деҳот ва хонаҳои саломатӣ беҳтар намуда, вазифаҳои дар пеш гузоштаи Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустиро саривақт  иҷро намоем ва ба ин васила дар баланд  бардоштани сатҳу сифати  хизматрасонии тиббии фаврӣ баҳраёб гардем.

Дар баробари ин, сатҳи хизматрасонии аввалияи тиббиро ба модарону кӯдакон беҳтар намуда, фавти онҳоро бояд пешгирӣ намуда, ҳамзамон оиди  иҷроиши Нақшаи миллии чорабиниҳо ҷиҳати таъмини ҳифзи саломатии модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди саломатии кӯдакон  ва наврасон  чораҳои зарурӣ андешида, тавозуни таваллудҳои хонагӣ  ва ҳолатҳои фавти модаронро коҳиш диҳем. Дар ин росто бояд эмгузаронии кӯдакони навзод оиди пешгирии бемории сил беҳтар гардида, фарогирии он то ба 96 – 100 % расонида шавад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо қабл аз ҳама бояд сатҳи маърифати тиббӣ дар байни аҳолии ноҳия баланд бардошта шуда, сифати гузаронидани семинару машғулиятҳо, сӯҳбату вохӯриҳоро дар байни кормандони тиб ва аҳолӣ беҳтар намуда, барои такмили ихтисос ва баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони тиб кӯшиш ба харҷ бояд дод, то сафи дараҷанокии тахассусии кормандони тиб афзоиш ёбад.

“Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шарвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад. Дар ин замина мо – кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рӯдакӣ низ ин сиёсати Ҳукумати кишварро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш чаҳду талош хоҳем намуд” – иброз намуд дар фароварди суҳбат роҳбари КАТС – и ноҳияи Рӯдакӣ Ҷалилов Пирумшо Басирович.

М.  Мақсадуллоҳ

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 328
  • 989
  • 887,682