Семинари-машварати омӯзишӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои фаҳмондадӣ вобаста ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав

Семинари-машварати омӯзишӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои фаҳмондадӣ вобаста ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав
Июл 09
16:41 2024

9 июли соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба моҳияти муқаррароти Кодекси андоз, аз ҷумла имтиёзҳои андоз ба соҳаи саноати дорусозӣ ва соҳаи тандурустӣ, тартиби ҳисобу пардохти маблағҳо аз ҳисоби хизматрасониҳои муздноки соҳаи тандурустӣ, рақамикунонии низоми андоз, хизматрасониҳои электронӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон семинар-машварати омузишӣ гузаронида шуд.

Дар кори семинар-машварат намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, сармуҳосибон-иқтисодчиён ва шахсони мутасадии муассисаҳои тандурустии ҷумҳуриявӣ ва зертобеи вазорат иштирок намуданд.

Ҷаласаро сардори Раёсати иқтисодӣ ва буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шарифов Зайнулло оғоз намуда, қайд намуд, ки заминаи меъёри ҳуқуқии мукаммал, асоси рушди ҳар як соҳаи иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб рафта, устувории он фаъолияти бонизомро таъмин месозад. Санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки низоми молияи давлатиро ба танзим медарорад ба беҳтар намудани низоми банақшагирии андозӣ, хароҷоти давлатӣ, дурнамосозии даромадҳо, таъмини шаффофият тавассути дастрасӣ ба маълумоти зарурӣ, стандартҳои ҳисоботи молиявӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар низоми идоракунии молияи давлатӣ ва пардохтҳои андозӣ мусоидат менамоянд.

Қайд карда шуд, ки баъди ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” шаффофияти воридоти маблағҳо, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, коҳиш ёфтани таъсири омилҳои инсонӣ, воридоти пурраи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва андозҳо, осон ва дастрас будани хизматрасонӣ ва коҳиш ёфтани муомилоти маблағҳои нақдӣ дар ҷумҳурӣ равона гардида, хизматрасониҳо аз тарафи аҳолӣ дар соҳаи тандурустӣ давра ба давра муътадил гардида истодааст.

Дар идомаи ҷаласа намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидӣ Муҳаммадсаид дар масъалаҳои тағирот дар сиёсати андоз, низомҳои андозбандӣ, андози иҷтимоӣ ва навгониҳо баромад намуда, ба ҳозирин маълумот дод.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 287
  • 1,242
  • 949,307