СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ВИДЕО-ТАБОБАТИ СИЛ ТАВАССУТИ БАРНОМАИ МОБИЛИИ “I LIKE VST”

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ВИДЕО-ТАБОБАТИ СИЛ ТАВАССУТИ БАРНОМАИ МОБИЛИИ “I LIKE VST”
Июл 31
11:09 2021

Рӯзи 29 июли 2021 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби мутахассисони МД “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” ва Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” ҷиҳати роҳандозии видео-табобати сил тавассути барномаи мобилии “I LIKE VST” семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар семинар табибони силшинос, ҳамшираҳои шафқат, кормандони иҷтимоӣ, шарикон ва кормандони марбутаи соҳаи тандурустии ноҳияи Фархор ҳамчун ноҳияи озмоишӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро намояндаи МД “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” Фируза Саидова, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба бемории сили ба доруҳо устувор ва Сафаралӣ Наимов, директори иҷроияи Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” ифтитоҳ намуда, роҳандозии видео-табобати сил тавассути барномаи мобилии “I LIKE VST”-ро саривақтиву муҳим ва як қадами дигар дар пешрафти соҳаи зиддисилии кишвар арзёбӣ карданд.

Зикр шуд, ки дар ҳамкорӣ бо МД “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”, Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” ҷиҳати роҳандозии табобати фосилавии видеоӣ барномаи мобилии “I LIKE VST”-ро барои кишвар аз ҳама ҷиҳат пурра мутобиқ гардонидааст.

Зимни суханронӣ ва рӯнамоии барнома мутахассиси Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” Абдусамад Латифов дар бораи барномаи мобилии “I LIKE VST” ва афзалияту шартҳои истифодаи он, ҳамзамон дастурамали истифодаи он барои беморон маълумоти муфассал дода, қайд намуд, ки барнома имконият медиҳад, шахсони гирифтори бемории сил тавассути дастгирии видеоӣ аз ҷониби табибони силшинос, равоншинос ва дигар ҳайати тиббии масъул табобаташонро дар хона давом диҳанд ва ин барои шахси бемор аз ҳама ҷиҳат роҳату осон, бехарҷ ва судманд аст. Барномаи мазкур дар доираи лоиҳаи минтақавии TB REP мутобиқ ва роҳандозӣ карда шудааст, ки ҳадафи асосии он мусоидат ба низомҳои тандурустӣ ҷиҳати хидматрасониҳои тиббии ба талаботи шахс нигаронидашуда мебошад.

Баъди рӯнамоӣ байни иштирокчиён саволу ҷавоб ва муҳокимаронии фаъол сурат гирифта, паҳлӯҳои норӯшани мавзӯъ ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Дар рафти суханронии худ мутахассиси техникии МД “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” Шодмон Хушвахтов ба иштирокчиён дар бораи дастурамали истифодаи барномаи мобилии “I LIKE VST” барои кормандони тиб маълумот дода, инчунин онҳоро бо ҷиҳатҳои техникӣ ва масъалаҳои бехатарии барнома ошно кард.

Пас аз рӯнамоиву суханронии мутахассис иштирокчиён ба саволу ҷавоб ва баррасӣ пардохтанд, ки дар раванди он ба саволҳои сершумори худ посух гирифтанд.

Дар анҷом аз ҷониби МД “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” ва Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” ба иштирокчиёни семинари омӯзишӣ гувоҳинома дода шуд.

Қобили ёдоварист, ин дуюмин барномаи мобилии зиддисилиест, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” роҳандозӣ мегардад. Қаблан, соли 2017 ассотсиатсия дар ҷаҳон аввалин шуда барномаи мобилии OneImpact-ро дар Тоҷикистон ба таври озмоишӣ ҷорӣ намуд, ки имрӯзҳо шахсони бемори сил ва умуман, доираи васеи корбарон аз маълумотҳои муфиди он бархурдор мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 588
  • 1,242
  • 949,608