Семинари техникии навбатӣ оид ба ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ

Семинари техникии навбатӣ оид ба ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ
Август 03
15:04 2024

Рӯзҳои 1 ва 2-юми августи соли равон барои намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати молия дар вилояти Суғд, Раёсати тандурустии вилояти Суғд, раёсатҳои молия, роҳбарон ва муҳосибони муассисаҳои КАТС- и ноҳияҳои таҷрибавии Ашт, Деваштич, Шаҳристон, Кӯҳистони Масчоҳ ва шаҳри Истиқлол семинари техникии навбатӣ дар доираи силсиласеминарҳои техникӣ оид ба ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ баргузор гардид.

Дар семинари техникии мазкур масъалаҳои татбиқи ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани низоми хариди стратегӣ ва шартномакунонии хизматрасониҳои тиббию санитарӣ, маҷмуи хизматрасониҳои тиббии кафолатнок,  тақсимоти маблағҳои сарикасӣ байни муассисаҳои КАТС, пешниҳод намудани хизматрасониҳои заминавии лабораторӣ ва таъминоти доруворӣ дар сатҳи амбулаторӣ баррасӣ карда шуданд. Инчунин, дар раванди семинари техникӣ кор дар гурӯҳҳо оид ба таҳия намудани чорабиниҳои афзалиятнок барои татбиқи ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ гузаронида шуд.

Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур бо дастгирии Намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи “Барномаи рушди тандурустӣ барои солҳои 2021-2025”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардида истодааст ва дар ҳамкории зич бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор  гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 1,421
  • 2,153
  • 988,003