Шиносии роҳбарияти вазорат бо вазъи саломатии гирифторони бемории COVID-19

Шиносии роҳбарияти вазорат бо вазъи саломатии гирифторони бемории COVID-19
Июл 13
18:31 2021

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи саломатии гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 имрӯз, 13 июли соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода ба як қатор муассисаҳои тандурустии пойтахт, ки дар онҳо гирифторони бемории коронавирус бистарӣ шудаанд, ташриф оварданд.

Аз ҷумла вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини вазир Абдухолиқ Амирзода аз Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов-и шаҳри Душанбе, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода аз бинои 6-уми Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва Шодихон Ҷамшед аз Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе боздид ба амал оварданд.

Аснои шиносоӣ роҳбарияти вазорат бо вазъи беморони гирифтори коронавирус, вазъи феълии муассисаҳои болозикр дар самти ташхис ва табобати гирифторони ин беморӣ дидан намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар муассисаҳои болозикр барои табобати гирифторони коронавирус тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шуда, табибон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда истодаанд.

Махсусан, дар муассисаҳои болозикр дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ва дигар мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас мебошанд.

Аз ҷониби роҳбарияти вазорат ба масъулини беморхонаҳои мазкур ҷиҳати хубтару беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба гирифторони сирояти коронавирус дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бояд гуфт, ки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо пайвандони беморон, ки берун аз беморхона қарор доштанд, суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат баҳри табобати  гирифторони ин беморӣ тамоми тадбирҳои заруриро хоҳад андешид.

Инчунин, маврид ба зикр аст, ки мутахассиси варзидаи рус, терапевт Зайцев Андрей Алексеевич, ки давоми чанд рӯз мешавад дар Тоҷикистон қарор дорад, ба муассисаҳои тандурустии пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе, ки дар онҳо гирифторони сирояти коронавирус табобат мегиранд, ташриф оварда, бо мутахассисони тоҷик оид ба табобати бемории мазкур табодули таҷриба намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 644
  • 1,242
  • 949,664