Шиносоӣ аз ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар Беморхонаи шаҳрӣ

Шиносоӣ аз ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар Беморхонаи шаҳрӣ
Июн 30
17:41 2022

Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва фароҳам намудани шароити мусоиди фаъолият дар муассисаҳои соҳа дар шаҳри Бӯстон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида истодааст.

Бо ин мақсад  30 июн раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ба Беморхонаи шаҳрӣ ташриф оварда, ба ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозии шуъбаҳои амрози дил ва осебшиносӣ шинос шуд.

Ба роҳбари шаҳр иттилоъ дода шуд, ки корҳои таъмирӣ дар шуъбаи амрози дил дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, корҳои таъмирии шуъбаи осебшиносӣ аввали моҳи июл оғоз гардида, то ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом хоҳад расид.

Боиси зикр аст, ки дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба маблағи 850 ҳазор сомонӣ дар соли 2022 таъмири шуъбаҳои амрози дил ва осебшиносии Беморхонаи шаҳрӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои таъмирӣ аз ҷониби ҶДММ “Бадахшон” бо фармоиши корхонаи давлатии коммуналии шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ҷараён дорад.

Дар идомаи ташриф ба Беморхонаи шаҳрӣ раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ аз шуъбаи сироятӣ боздид ба амал овард. Зимни боздид роҳбари шаҳр ба сохтмончиён баҳри иҷрои сифатноки корҳои таъмирӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар ҷараёни шиносоӣ бо фаъолияти Беморхона роҳбари шаҳр аз рафти муолиҷаи беморон шинос шуда, бо онҳо суҳбати гарму самимӣ анҷом дод ва баҳри муолиҷаи хубу хизматрасонии босифати тиббӣ табибонро вазифадор намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 616
  • 1,242
  • 949,636