Шиносоӣ бо фаъолияти Муассисаи КАТС-и шаҳри Норак

Шиносоӣ бо фаъолияти Муассисаи КАТС-и шаҳри Норак
Июл 29
18:06 2020

Бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ имрӯз, 29 июли соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода  ба шаҳри Норак сафар намуд.

Дар доираи сафари кории хеш муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо фаъолияти Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии  шаҳри Норак шинос  шуд.

Ҳамзамон, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Самариддин Ализода бо бемороне, ки дар қайди муассисаи мазкур қарор дошта, аммо дар хона табобат мегиранд, суҳбати телефонӣ анҷом дода, аз вазъи саломаташон пурсон шуд.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Самариддин Ализода ба масъулини Муассисаи КАТС-и шаҳри Норак дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 694
  • 1,242
  • 949,714