Ба истифода додани дастгоҳҳои нави тиббӣ ба Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ва Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо

Ба истифода додани дастгоҳҳои нави тиббӣ ба Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ва Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо
Май 01
17:33 2024

Дар доираи ба анҷом расидани лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ барои муассисаҳои тандурустии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ва Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”  1-уми майи соли ҷорӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Тосихиро Аикӣ ва роҳбари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Имаи Сейдзу ба Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ва Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ташриф оварданд.

Дар доираи боздид вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва меҳмонон аз вазъи таҷҳизоте, ки дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ барои муассисаҳои тандурустии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ва Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” дастрас гардиданд, дидан намуданд.

Гуфта шуд, ки таҷҳизоти тиббие, ки дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ барои муассисаҳои тандурустии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ва Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”  бо дастгирии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ба муассисаҳои мазкур дастрас гардид, ба мутахассисони соҳа имконият медиҳад, ки хизматрасониро ба аҳолии Тоҷикистон саривақт, бо сифати баланд ва самаранок анҷом диҳанд.

Махсусан, дар доираи ин лоиҳа ба Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” як қатор дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз ҷумла томографияи компютерӣ,  УЗӢ, рентгени рақамӣ, автоклав, лапароскоп, эндоскоп, таҷҳизоти лабараторӣ, таҷҳизот барои топанатония, ИВЛ, таҷҳизоти лор, таҷҳизот барои ҳуҷраи ҷарроҳӣ ва ғайра дастрас гардид.

Ба Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо бошад, дар доираи лоиҳаи мазкур дастгоҳи нодири ангиограф дастрас карда шуд.

Тавре мутахассисони ин марказ иттилоъ доданд, коркарди дастгоҳи ангиограф нисбат ба дастгоҳҳои қаблӣ, ки дар бахши ҷарроҳии дилу рагҳо истифода мешаванд, хеле осон мебошад.

Ин дастгоҳ тавассути таҷҳизоти махсус беморро бо сифати баланд ба навор мегирад, ки ин омил барои боз ҳам беҳтару хубтар анҷом додани амалиёти ҷарроҳӣ ба табибон мусоидат менамояд.

Аснои боздид вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва меҳмонон ҷиҳати дуруст ва самаранок истифода бурдани дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ, ки дар доираи лоиҳаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ба муассисаҳои мазкур дастрас карда шуданд, ба мутахассисони соҳа дастуру  тавсияҳои муфид доданд.

Дар маҷмӯъ, дастрас гардидани чунин таҷҳизоту лавозимоти муосири тиббӣ ба табибони муассисаҳои тандурустии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ва Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо имкон фароҳам меорад, ки хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 119
  • 989
  • 887,473