Шиносоӣ бо ҳолати санитарии бозори марказӣ ва боздид аз иншооти ҷашнӣ

Шиносоӣ бо ҳолати санитарии бозори марказӣ ва боздид аз иншооти ҷашнӣ
Июн 16
12:30 2020

15 июни соли равон Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Ëдгор Файзов, муовини якуми раиси вилоят Алишер Мирзонаботов, раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ва сардори Раëсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят Мирзомуродзода Рустам аз рафти савдо дар бозори марказӣ боздид ба амал оварданд.

Зимни боздид ҳайати гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии раиси вилоят Ёдгор Файзов ҳолати санитарии бозорро аз назар гузаронида, баҳри беҳтар ба роҳ мондани савдо ва ба тартиби муайян даровардани он сохторҳои дахлдорро муваззаф гардонданд.

Ҳамзамон, дастур дода шуд, ки дар бозори мазкур бояд гӯшаи деҳқон ташкил карда шуда, дар ояндаи наздик савдогароне, ки ба фурӯши либосу пояфзол ва дигар молу маҳсулоти ғайрихӯрока машғуланд, ба бозори 20 – солагии Истиқлолият кӯчонда шаванд. Ҳамчунин, гурӯҳи корӣ бо рафти сохтмони бонки амонатгузории “Амонатбонк” шинос гардиданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 730
  • 1,242
  • 949,750