Шиносоӣ бо вазъи хизматрасонии Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат

Шиносоӣ бо  вазъи хизматрасонии Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат
Январ 25
10:44 2021

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи хизматрасонии муассисаҳои тиббию табобатӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ  роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.

Дар доираи ин ташаббус шаби 23 январи соли равон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии вазорат Илҳом Бандаев аз вазъи хизматрасонии Муассисаи давлатии “Шифохонаи шаҳрии  парастории ҳамшираҳои шафқат”-и шаҳри Душанбе дидан намуданд.

Зимни гуфтугӯи озод масъулини вазорат бо бошандагони муассисаи мазур иброз доштанд, дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа, махсусан пиронсолон имрӯз дар сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар мавқеи хоса дорад.

Тавре маълум гардид, айни ҳол дар муассисаи мазкур барои бошандагон тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст, ки ин аз таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии кишвар ба табақаҳои осебпазири ҷомеа  дарак медиҳад.

Дар навбати худ бошандагони муассисаи мазкур аз таваҷҷуҳи хоса ва дастгириҳои пайваста ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, таъмини бошандагон бо маводҳои доруворӣ аз ҷониби  масъулини вазорат ба роҳбарияти муассисаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 11
  • 733
  • 1,242
  • 949,753