Ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи хизматрасонии муассисаҳои тандурустӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ба вилояти Суғд сафар намуда, аз вазъи феълии хизматрасонии як қатор муассисаҳои тандурустӣ дидан намуд.
Аз ҷумла муовини вазир дар шаҳри Хуҷанд ба Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи С.Қутфиддинов ташриф овардаву бо фаъолияти он шинос гардида, инчунин, бо беморон суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.
Номбурда аснои суҳбати озоду ошкоро бо беморон иброз намуд, ки роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушд ва пешрафти соҳаи тандурустӣ имрӯзҳо тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохта истодаанд.
Махсусан, қайд гардид, ки имрӯзҳо дар вилояти Суғд низ сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар шуда истодааст, ки ин аз таваҷҷуҳи хосаи Роҳбарияти олии мамлакат ба соҳаи мазкур дарак медиҳад.
Дар идома муовини вазир Абдухолиқ Амирзода бо роҳбарият ва кормандони беморхонаи мазкур доир ба масъалаҳои омодагӣ ба давраи зимистон, таъмини муассиса бо гармӣ, маводи сӯзишворӣ ва хӯрока, назорати беморон ва дигар масъалаҳо суҳбат намуда, ба онҳо баҳри боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.