Дар доираи ташаббуси роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ба роҳ мондани гаштҳои шабона ва рӯзона ба муассисаҳои тандурустӣ ва дар ин замина шиносоии бевосита пайдо намудан бо фаъолияти онҳо муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода аз фаъолияти Маркази саломатӣ, Беморхонаи минтақавии ҷамоати қаҳрамони маҳаллаи дараи калоти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва як қатор муассисаҳои тандурустии ноҳияи Фархор боздид ба амал овард.
Дар Маркази саломатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бо роҳбарон ва кормандони маркази мазкур мулоқот намуд. Дар рафти мулоқот вазъи феълии Маркази саломатӣ ва дигар муассисаҳои тандурустии ноҳияи мазкур мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Махсусан, Ғафур Муҳсинзода бо роҳбарият ва кормандони Маркази саломатии ноҳияи мазкур масъалаҳои беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, саривақт расидагӣ намудан муроҷиати шаҳрвандон, риояи одоби муоширати табибон бо беморон, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, аснои сафари хеш ба вилояти Хатлон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии ноҳияи Фархор низ шинос шуда, баҳри боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
(Акс аз интернет)