Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои нави Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои нави Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд
Май 30
13:43 2019

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни сохтмони бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд шинос шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки сохтмони бинои нави табобатӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2018 оғоз ёфта буд.

Мувофиқи лоиҳа бинои нави табобатӣ аз таҳхона ва чор ошёна иборат аст ва фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят мебошад. Корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ «Евростройсервис» ба анҷом мерасонанд.

Зимни шиносоӣ Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати бештар намудани шумораи сохтмончиён ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани сохтмон дастуру супоришҳо дод.

Ҳангоми боздид аз Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд Раиси вилоят аз зарурати таҷдиди хиёбони Раҳмон Набиев ва ба гулгашт табдил додани соҳили дарёи Сир, аз ҳудуди пули “Ҷашнӣ” то мавзеи Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ёдовар шуд. Дар ин замина ба масъулини Идораи сохтмони асосии вилоят, сармеъмори вилоят ва дигар шахсони масъул оид ба омода намудани лоиҳаи навсозии хиёбон супоришҳои мушахас дода шуд.

Сипас, Раиси вилоят вазъи кунунии Муассисаи давлатии Маркази солимгардонӣ ва барқарорсозии саломатӣ барои маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Дар аснои боздид таъкид карда шуд, ки дар марказ боз як бинои нав сохта шуда, шароити табобату истироҳат дар ин муассиса беҳтар гардонида хоҳад шуд. Ба масъулин дастур дода шуд, ки лоиҳаи бинои навро бо назардошти талаботи замони муосир омода ва пешниҳод намоянд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 715
  • 1,242
  • 949,735