Шумораи гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон ба беш аз 20 миллион нафар расид

Шумораи гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон ба беш аз 20 миллион нафар расид
Август 10
13:20 2020

Шурӯъ аз оғози пандемияи коронавирус то имрӯз шумораи гирифторони COVID-19 бо ошкор гардидани 219 598 ҳолати нав давоми шабонарӯзи охир дар ҷаҳон ба 20 026 161 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Бо ҳолати соати 11:00 ба вақти Душанбе, дар ҷаҳон 734 ҳазору 20 нафар гирифторони коронавирус вафот карда, беш аз 12,9 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд.

Дар минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ давоми шабонарӯзи охир 156 817 нафар сироят ёфта, 4 182 нафар беморон вафот кардаанд.

Дар Аврупо давоми 24 соати охир шумораи гирифторон 16 762 нафар ва ҳолатҳои фавт 326кас зиёд шуд.

Дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ шумораи сироятёфтагон давоми шабонарӯзи гузашта 69 799 нафар ва фавтидагон 961 кас зиёд гардид.

Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 5 199 444. Баъдан Бразилия (3 035 582), Ҳиндустон (2 215 074), Россия (887 536), Африқои Ҷанубӣ (559 859), Мексика (480 278), Перу (478 024), Колумбия (387 481) Чили (373 056) ва Испания (361 442) ҷойгиранд.

АКС аз Сергей Бобилев/ТАСС

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 716
  • 1,242
  • 949,736