Ситоди доимоамалкунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19, ки таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар як шабонарӯз се маротиба, соатҳои 08:00-и субҳ, 18:00-и бегоҳ ва 00:00-и шаб тариқи онлайн доир мегардад, тамоми кормандони шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ муваззаф мешаванд, ки дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ҳамарӯза дар маҳалҳои аҳолинишин гардишҳои хонагӣ анҷом диҳанд.
Дар ҷаласаи навбатии ситоди вазорат, ки субҳи имрӯз, 7 октябри соли равон баргузор гардид, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовинони вазир иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар ҷаласаи ситод ба тарқи онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати гирифторони коронавируси нави COVID-19 ҷалб намуда, ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани гардишҳои хонагӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бояд гуфт, ки зимни баргузории ситодҳо масъулин аз натиҷаи гардишҳояшон ба роҳбарияти вазорат маълумот пешниҳод намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳадафи асосии се мартиба баргузор шудани ситоди вазорат ва гардишҳои ҳамарӯзаи хонагӣ дарёфти беморони COVID-19 ва саривақт ба ташхису табобат фаро гирифтани онҳо мебошад.