Дар вилояти Хатлон истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва маводҳои антисептикӣ бо мақсади қонеъ кардани талаботи аҳолӣ, ба таври густурда ба роҳ монда шудааст.
Бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияи Кӯшониён як коргоҳи истеҳсоли маводи антисептикӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ба иттилои раиси ноҳия Икромиддин Вализода, ин коргоҳ дар як шабонарӯз 10 ҳазор дона маҳсулоти антисептикӣ истеҳсол карда, талаботи ноҳияро пурра ва вилоятро қисман бо ин воситаи безараргардонии дастҳо бо нархи дастрас таъмин карда метавонад. Қобили зикр аст, ки ҳамзамон дар корхона 8 зан бо ҷои кор таъмин шуд.
Корхонаи дӯзандагии “Ахтари Вахш”-и ноҳияи Вахш ба истеҳсоли ниқоби муҳофизатии тиббӣ шурӯъ кард. Ниқобҳо аз матои хушсифат истеҳсол шуда, барои чанд дафъаи истифода пешбинӣ шудаанд. 15 бонуи дӯзандаи коргоҳ дар як рӯз 2 ҳазор дона ниқоб омода мекунад.
Бо ибтикори Отахон Сайидзода, роҳбари Театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, ҳунармандон ва дигар кормандон бо истифода аз шароити мавҷуда ниқоби тиббӣ дӯхта истодаанд. Зиёда аз ин, онҳо ин воситаҳои муҳофизати даҳону биниро ҳамроҳ бо маводи антисептикӣ ва варақаҳои иттилоотии фарогири тавсияҳо оид ба гигиенаи шахсӣ асосан дар деҳотҷойҳо ройгон тақсиммекунанд.
Садорати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ дар заминаи парки технологии дорои 11 мошинаи дарздӯзӣ омодасозии ниқобҳои тиббиро ба роҳ монд. Ин ниқобҳо, ки намунаашон аз Сарраёсати Хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон дастрас шудааст, барои ҳайати 11-ҳазораи донишҷӯёну устодони ин боргоҳи маърифат пешбинӣ шудааст.
Мавриди зикр аст, ки ширкати “Фарм – Текст”-и ноҳияи Данғара, ки се моҳ қабл дар баробари дигар маҳсулот барои истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ махсус гардонда шуд, то кунун зиёда аз 1 миллиону 500 ҳазор ниқоби тиббии дорои сифати ҷавобгӯ ба меъёрҳоро истеҳсол кард. Дар ин хусус ба мо Файзиддин Сайфуллоев, роҳбари корхона, хабар дод.
Ин тадбирҳои соҳибкорону масъулон, ки то замони нест шудани вируси нав идома хоҳанд кард, бешак, барои солимии аҳли ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа доранд.