СОЛИМИИ МАЪЮБОН ТАҲТИ НАЗОРАТИ ДОИМИИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТИ КИШВАР ҚАРОР ДОРАД

СОЛИМИИ МАЪЮБОН ТАҲТИ НАЗОРАТИ ДОИМИИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТИ КИШВАР ҚАРОР ДОРАД
Июн 13
09:58 2018

“Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем”. Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 декабри соли 2017.

Ҳамасола якуми июн дар саросари дунё “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” таҷлил мегардад. Чун мо дар арафаи таҷлили ин ҷашни байналмиллалӣ қарор дорем, хостем вобаста ба вазъ ва дурнамои ҳифзи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, кӯдакони маъюб ва тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои миллӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу имкониятҳои кӯдакони кишвар, аз ҷумла кӯдакони маъюб хонандаро ошно созем.

Бояд тазаккур дод, ки “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” соли 1949 бо қарори иҷлосияи Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта буд. Аввалин Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон соли 1950 дар 51 кишвари ҷаҳон таҷлил гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи соҳибистиқлол гаштани худ ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳо, принсипу меъёрҳои умумиэътирофшудаи байналмилалиро пос медорад. Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳуқуқу озодиҳои инсон ба сифати арзиши олӣ эътироф шуда, онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия гардида, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мешаванд. Дар сатҳи Конститутсия тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосӣ танзими ҳамаҷониба пайдо кардаанд. Дар ин давра аксарияти кулли санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон ба тасвиб расида, барои амалишавии онҳо чораҳои дахлдор андешида шуданд, ки соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ аз чунин тадбирандешиҳои хайрхоҳона дар канор намонд.

Имрӯзҳо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоссатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табақаи маъюби кишвар, кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат баръало мушоҳида мегардад. Ҳамин аст, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ин табақаи аҳолӣ иқдомҳои наҷиб рӯи даст гирифта шуд, аз ҷумла, ба тасвиб расидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои ҶТ «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», стратегия, консепсия ва барномаҳои миллию идоравии дар ин самт амалкунанда ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқу озодиҳои кӯдаконро танзим менамоянд.

Чунончӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд; “Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти он, ки саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ислоҳот бомаром идома ёфта, дар натиҷаи мунтазам афзудани маблағгузорӣ дар ду соли охир садҳо муассисаҳои нави тандурустӣ, ки дорои таҷҳизоти замонавии тиббӣ мебошанд, мавриди истифода қарор гирифта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар шуда истодааст”.

Масъалаи ҳуқуқи иҷтимоии инсон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст. Ҳамзамон дар ин қонуни асосии кишвар Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ эълон гаштааст ва маълум аст, ки давлат муваззаф аст барои таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии инсон, дар маҷмӯъ ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шаҳрванд тадбирҳои муайян андешад. Кишвари мо баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ маҳз бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҳадафҳо ноил гардид.

Ҳанӯз соли 1991 дар соли аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бунёди қонунгузории мустақили соҳавӣ тадбирҳои мушаххас андешида, дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иқдом карда шуд. Аввалин қонунҳои қабулшудаи онвақта ин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикситон «Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон» ва «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ»-ро ташкил намудааст.

Ба тасвиб расидани “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солхои 2017-2020” аз тадбирҳои андешидаи дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи уҳдадориҳои табақаи маъюби кишвар дониста мешавад ва чунин амалҳои хайрхоҳона дар ҳоли идомаёбӣ қарор доранд.

Месазад қайд намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёди хона-интернатҳо, муассисаҳои санаторию курортӣ, марказҳои будубоши рӯзона, марказҳои минтақавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ тадқиқотӣ ва даҳҳо сохторҳои соҳавӣ бамаротиб афзоиш ёфт. Дар ин давра натанҳо аз ҷиҳати миқдор, балки аз лиҳози сифат низ соҳа ба якчанд комёбиҳо ноил гардид.

Дастоварди дигари соҳа ин таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ ва имтиёзҳои маъюбӣ мебошад. Тавре маълум аст, дар солҳои аввали истиқолият норасоии маблағҳои буҷетӣ ба мушоҳида мерасид, камбизоатии аҳолӣ аз 80 дарсад бештар буд, мардум бешак дастнигари низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буданд. Дар он солҳо саривақт таъмин намудани аҳолӣ бо нафақа, бозҳисобии андозаҳои нафақа, баланд бардоштани нафақапуливу кумакпулиҳо ва музди меҳнати кормандон, масъалаи муҳим ба шумор рафта, ҳалли саривақтии онҳо хеле душвор буд, вале Ҳукумати кишвар ба мушкилиҳои иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоию сиёсӣ нигоҳ накарда, тавонист, ки низоми муътадили соҳаро нигоҳ дошта, минбаъд онро рушд диҳад. Самти муҳими дигари соҳа ин тайёр намудани мутахассисон арзёбӣ мегардад. То даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон пойгоҳи тайёркунии мутахассисони соҳаи иҷтимоиро надошт. Аз ин рӯ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯз дар чанд донишгоҳҳои кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи «Кори иҷтимоӣ» амал мекунад, ки ба тайёркунии кадрҳои зинаи таҳсилоти олӣ – менеҷменти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ» машғул мебошанд.

Дар давоми 27 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар баробари соҳаҳои дигари хоҷагии халқ рушд ёфта, ба як қатор дастовардҳо ноил гардид. Дар радифи ислоҳоти соҳаи ҳифзи иҷтимоии мамлакат ташаккули шабакаҳои нави хизматрасонии иҷтимоӣ хеле масъалаи муҳим арзёбӣ гардид. Аз ин ҷост, ки сол то сол шумораи шабакаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ афзуда, сатҳу сифати хизматрасонии иҷтимоии пешниҳодшаванда беҳтару хубтар шуда истодааст.

Ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва камхарҷ гардонидани онҳо тибқи шартнома бо Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 37 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ фаъолият дорад, ки аз тарафи ташкилотҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудаанд, аз ҷумла, барои тавонбахшии кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки ба роҳбаладӣ ва тавонбахшии иҷтимоию тиббӣ  ниёз доранд, 34 адад марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ фаъолияташонро ба ҳамин самт равона намудаанд.

Дар давоми 3 моҳи аввали соли ҷорӣ 423 нафар кормандони иҷтимоӣ ва мутахассисони ин марказҳо ба 1338 нафар кӯдакони эҳтиёҷманд чорабиниҳои офиятбахшии иҷтимоӣ, солимгардонии ҷисмонӣ, равонӣ, рушди зеҳнӣ, мутобиқшавӣ ва ҳампайвандӣ бо ҷомеа, хизматрасониҳои машваратӣ бо волидон гузарониданд.

Айни замон дар миёни аҳолии беш аз 8 миллионнафараи Тоҷикистон 3 миллион нафарро кӯдакон ташкил медиҳанд ва бояд ёдовар шуд, ки ҳар як кӯдак новобаста аз маҳдудият ва вайроншавии фаъолияти ҷисмонияш имконияти инкишоф ёфтани ҷисму рӯҳ ва малакаҳои гуногуни фаъолияти ҳаётиро дорад. Аз ин рӯ, кӯдакон дар марказҳо дар шароити муносиб ва бехатари будубош қарор дошта, ба пешрафти ҷисмониву малакаҳои мавзуни ҳаракат, зеҳниву рафтор, муошират ноил мегарданд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ба даст овардани натиҷаи назаррас ба нақша гирифтааст, ки шумораи чунин марказҳоро дар оянда зиёд намуда, шумораи ҳарчи бештари кӯдакони эҳтиёҷмандро ба хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон 1 июни соли 2011 дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла таъкид намудаанд, ки ин рӯз «натанҳо рӯзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст. Аз ин лиҳоз, ин рӯз иди калонсолон низ мебошад. Зеро кӯдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон дар таъмини ниёзу эҳтиёҷоти онҳо масъуланд».

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои хеш аз ҳамаи мардуми саховатпешаю савобҷӯ даъват менамоянд, ки ба ятимону маъюбон расондани кумакҳои моддию маънавиро дареғ надоранд. Дар ин росто бояд зикр намуд, ки дар ҳама давру замон хайру садақа кардан ба ниёзмандону ятимон ва дасти ёрӣ дароз намудан ба табақаи эҳтиёҷманд барои миллати куҳанбуёди тоҷик амри маъмулӣ ҳисобида мешуд.

Ба тасвиб расонидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак яке аз аввалин санадҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ соли 1993 онро амалӣ намудааст. Баробари қабули конвенсияи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанбаҳои мусбии ин ҳуҷҷути муҳими байналмиллалиро ба инобат гирифта, бо мақсади иҷрои муқаррароти Конвенсия дар Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуд, пеш аз ҳама, қонунгузории ҷумҳурӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ба талаботу принсипҳои санадҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуд. Аз ҷумла, дар моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки «модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд». Дар мисоли татбиқи ин моддаи Конститутсия метавон аз он ёдовар шуд, ки ҷиҳати рушди ҳунар, завқи баланди эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фаро гирифтан ба таҳсил, нигоҳубин ва ғамхории пайвастаи кӯдакони ятим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, пайваста дар амал тадбиқ мегарданд.

Дар интиҳо бояд тазаккур дод, ки имрӯз ҳуқуқу имтиёзоти сокинони кишвар, бахусус табақаи осебпазир аз қабили маъюбон, ятимону барҷомондагон, ниёзмандону калонсолон маҳз зери пуштибонии ҳукумати кишвар қарор гирифтаанд ва хоҳанд гирифт. Аз таҳлилҳои анҷомдода ба хулосае метавон расид, ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи кӯдакон ба ҳаёт, ҳифзи саломатӣ, озодии сухан ва виҷдон, иттилоот ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳуқуқ ба моликият, манзил, таҳсил, меҳнат, ҳуқуқ ба зиндагӣ ва тарбия дар оила ба қадри назаррас риоя гашта, зери назорати қатъӣ ва ҷиддии давлату ҳукумат қарор дорад.

Суғдмеҳри Маъруфзод

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 38
  • 989
  • 887,392