СОVID-19. Ҳайати Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим бо намояндагони СУТ мулоқот намуд

СОVID-19. Ҳайати Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим бо намояндагони СУТ мулоқот намуд
Май 14
07:04 2020

Имрӯз дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати Кумита бо намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода бо дарназардошти вазъи пешомада аз намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хоҳиш намуд, ки тавсияҳои худро вобаста ба тартиби дафни шаҳрвандоне, ки бо сабаби бемории сироятӣ мефавтанд, пешниҳод намоянд.

Раиси Кумита иброз дошт, ки хуб мешуд, дар ҷараёни шустани майит ва дафни он ба қадри имкон талаботи фарҳангию мазҳабӣ ба эътибор гирифта шаванд.

«Бо риояи ҳамаи талаботи гигиенӣ дидани рӯи майит, ғусл додан ва дар қабр ниҳодани он аз ҷониби ҳадди ақал яке аз шахсони наздикаш миёни ҷомеаи мо бисёр ҳассос мебошад ва вобаста ба ин мавзӯъ, мо мавқеи Созмонро донистан мехоҳем»,- гуфт  Сулаймон Давлатзода.

Ҳамчунин номбурда бо ишора ба он ки теъдоде аз шаҳрвандони мо дар шароити хона табобат мегиранду эҳтимоли фавт низ вуҷуд дорад, хостори тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ вобаста ба тартиби дафни майит дар шароити хона гардид.

Намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Патрик О’Коннор пешниҳодҳои Раиси Кумита Сулаймон Давлатзодаро муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки рӯзҳои наздик намояндагони Созмон дар доираи ҳисоботе тавсияҳои худро вобаста ба масоили зикршуда баён хоҳанд кард.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ба намояндагони СУТ Патрик О-Коннор ва Олег Стороженка барои талошҳояшон дар роҳи мубориза бо бемории сироятии COVID-19 изҳори сипос намуд.

Патрик О’Коннор низ дар навбати худ ба талошу тасмимҳои Кумита дар роҳи пешбурди корҳои тарғиботӣ ва пешгирӣ аз бемории сироятӣ баҳои мусбат дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 909
  • 1,242
  • 949,929