«Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» зина ба зина татбиқ мегардад

Май 04
15:25 2017

Бо мақсади идомаи татбиқи босамари «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, №368 қабул гардидааст, тибқи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии хуқуқӣ”, дар асоси банди 10-и Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 таҳти № 148 тасдиқ шудааст, 3 майи соли 2017 дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»- и шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» баргузор гардид. Дар кори ҷаласа роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, шарикон оид ба рушд, роҳбарони муассисаҳои ташхисиву табобатии соҳа иштрок доштанд.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Олимзода Н.Х., вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Поканевич қаноатмандии худро аз кору фаъолияти масъулон аз татбиқи босамари Стратегияи мазкур баён намуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода зимни суханронии худ аз ҷумла қайд намуд, ки “Маҳз асолати фарҳангдӯстӣ, хирадпарварӣ ва ваҳдатгароиву сиёсати сулҳофарини Президенти кишварамон, инчунин, азму иродаи матини халқи тоҷик ва пуштибонии ҳамаи мардум аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон буд, ки давлату миллати мо ба дастовардҳои азими сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ ноил гардидидааст. Бо мақсади амалӣ шудани сиёсати иҷтимоӣ, бахусус дастгирии оилаҳои камбизоат ва маъюбон бо роҳҳои тадриҷан боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои судманд меандешад.

Кормандони вазорат ва зерсохторҳои он зери таассуроти рӯйдоди муҳими соҳавӣ мебошанд. 28 апрели соли равон дар шаҳраки «Шифобахш» маросими ба истифода супоридани Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ»  – и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Иншооти мазкур далели беҳтарини ҳамкории мутақобилаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳамкорон оид ба рушд, дар ин мисол, Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон буда, сохтмони он аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва муҷаҳҳазгардонии он аз ҳисоби сармояи Бонки олмонии рушд маблағгузорӣ гардидааст.

Кӯмаки беруна дар тандурустӣ ба таъмин намудани раванди гузаронидани ислоҳот, беҳтаркунии заминаи моддию техникӣ ва захираҳои кадрии система равона карда шудааст. Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар панҷ соли охир аз тарафи 20 институтҳои молиявӣ ва 24 ташкилотҳои татбиқкунанда зиёда аз 30 лоиҳаҳои дастгирии беруна бо маблағи зиёда аз 120 миллион доллари амрикоӣ  амалӣ гардида истодаанд.

Маҳз ҳамкорӣ бо чунин шарикони байналмилалӣ – Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Бонки умумиҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо, Бонки олмонии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки осиёии рушд, Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ, лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла хазинаҳои нуфуси аҳолӣ ва кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид,  Хазинаи глобалӣ, Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ,Ҷамъияти байналмилалии Олмон оид ба кӯмаки техникӣ, Агентии ҷопонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ, Хазинаи Оғохон ба татбиқи ислоҳоти соҳа нерӯи нав бахшиданд.

Ҳамзамон як нуктаро қайд карданиам, ки дар солҳои охир фаъолияти ҳамгироикунандаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷолиби диққат буда, модели нави ҳамкории вазоратро бо ташкилотҳои байнамилалӣ таҷассум месозад. Мисоли ҳамкории судманди вазорат дар самти пешгирии хурӯҷи бемории сурхча далели гуфтаҳои боло мебошад. Ин ҳамкорӣ барои рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи тандурустию ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст”.

Шарикон оид ба рушд дар навбати худ омодагии хешро барои амалисозии барномаҳои мухталиф ва дастгири соҳаи тандурурстӣ ва иҷтимоӣ изҳор доштанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 712
  • 1,242
  • 949,732