Суҳбати видеоӣ бо намояндаи Вазорати тандурустии Исроил

Суҳбати видеоӣ бо намояндаи Вазорати тандурустии Исроил
Май 27
12:55 2020

Имрӯз, 27 майи соли равон муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода ва Сардори Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии вазорат Раъно Раҳимова бо намояндаи Вазорати тандурустии Исроил ва директори яке аз беморхонаҳои марказии ин кишвар суҳбати видеоӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории сироятии коронавируси нави КОВИД-19 табодули афкор намуданд.

Дар навбати худ намояндагони кишвари Исроил оид ба усулҳои пешгирӣ ва табобати бемории  КОВИД-19, ки дар ин кишвар роҳандозӣ карда шудааст, маълумот доданд.

Бояд гуфт, ки кишвари Исроил ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории коронавируси нави КОВИД-19 яке аз кишварҳои фаъол ба шумор рафта, усулҳои фаъолияти он дар ин самт қобилӣ омӯзиш  мебошанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 100
  • 989
  • 887,454