Бо мақсади расонидани хизматрасонии ройгони тиббӣ ба аҳолӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи “Корвони саломатӣ”-ро роҳандозӣ намудааст, ки дар доираи он шаҳрвандони кишвар ба ташхис ва муоинаҳои ройгон фаро гирифта мешаванд.
Дар ин росто, зикр намудан ба маврид аст, ки ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ вазорат дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд нақлиётҳои сайёри тиббӣ низ дастрас намудааст, ки онҳо дорои таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла таҷҳизоти рентгенӣ, ташхисӣ, стомотологӣ, кардиологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ мебошанд.
Ин навбат бо истифода аз чунин нақлиётҳои махсуси сайёр сокинони шаҳрҳои Хуҷанд ва Конибодоми вилояти Суғд аз ҷониби табибони ботаҷриба ба ташхис ва муоинаҳои ройгон фаро гирифта шуданд.
Бояд гуфт, ки бо истифода аз нақлиётҳои махсуси сайёр сокинони дигар шаҳру навоҳии вилояти мазкур низ марҳила ба марҳила ба ташхис ва муоинаҳои ройгон фаро гирифта хоҳанд шуд.