Суғд: Корҳои оммафаҳмонӣ оиди пешгирии бемориҳои сирояӣ

Суғд: Корҳои оммафаҳмонӣ оиди пешгирии бемориҳои сирояӣ
Август 28
09:15 2024

Дар доираи супориши бевоситаи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории  Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”  таҳти роҳбарии директори маркази мазкур Рабиева Дилафрӯз ба вилояти Суғд сафар намуд. Дар ҳайати гурӯҳи корӣ ҳамзамон директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар вилояти Суғд ва муовини раиси ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ шомил буданд.

Аз ҷониби намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти “Ифтихор”-и ноҳияи Ашт дар байни аҳолии ин деҳа оид ба пешгирии бемориҳои сироятии аз ҳайвон ба инсон гузаранда, хусусан бемории сухтанӣ корҳои оммафаҳмонӣ гузаронида шуд.

Дар рафти чорабинии мазкур инчунин ба аҳолӣ вобаста ба бемориҳои сироятии аз ҳайвон ба инсон гузаранда аз ҷониби мутахассисон ба иштирокдорон маводҳои иттилоотии пешгирикунанда тақсим гардид.

Зимни баромадҳо  мутахассисон оид ба пешгирии бемории сухтанӣ, тарзи дуруст истифода бурдани маҳсулоти гӯштӣ, дуруст сару кор гирифтан бо ҳайвонҳои хонагӣ ва гузаронидани иммунизатсияи ҳайвонҳои шохдор  ба шаҳрвандон маълумот пешниҳод намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 1,133
  • 1,236
  • 1,023,437