СУТ: таъсири эмкунӣ бар зидди COVID-19 на пештар аз соли 2022 пурра зоҳир хоҳад шуд

СУТ: таъсири эмкунӣ бар зидди COVID-19 на пештар аз соли 2022 пурра зоҳир хоҳад шуд
Сентябр 11
07:59 2020

Таъсири амиқи эмкунӣ бар зидди коронавирус дар ҷаҳон на пештар аз соли 2022 пурра зоҳир хоҳад шуд, зеро барои ҳосил шудани эминияти оммавӣ вақт зарур аст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ хабар медиҳад, ин пешгӯиро зимни брифинг дар Женева корманди калони илмии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Сумя Сваминатан иброз намудааст.

«Вақте ки ваксина ба бадан ворид карда мешавад, барои он ки ҳама ё ҳадди ақал 60-70% одамон эминият пайдо намоянд ва мо онро эминияти оммавӣ номем, вақт лозим аст. Ин воқеан интиқоли уфунатро коҳиш медиҳад. Мо дар ин ҳолат на дар бораи маҳви вирус, балки дар бораи коҳиши таъсири муайяни он ба ҷомеа ва ҳаёт сухан меронем. Ва бешубҳа, то соли 2022 вақт лозим аст, ки ин дигаргунӣ мушоҳида шавад», — гуфт Сумя Сваминатан.

Азбаски ваксинаҳое, ки ҳоло дар ҷаҳон коркард мешаванд, бояд санҷида шаванд,  инчунин иҷозатнома дарёфт намоянд ва истеҳсоли онҳо оғоз шавад, вай дар мавриди то нимаи соли 2021 ба кишварҳо содир намудани  миқдори маҳдуди вояҳо изҳори хушбинӣ намуд. Ҳамзамон коршинос ба пешрафти азим дар гузаронидани санҷишҳои тестӣ барои муайян намудани коронавирус ва пайдо шудани заррачаҳои зидди вирус таваҷҷуҳ намуд.

«Қимати санҷишҳои тестӣ коҳиш меёбад ва мо ба зудӣ хоҳем дид, ки ин  озмоишҳо бештар дастрас мешаванд ва ҳатто ҳар кас метавонад худашро санҷиши тестӣ намояд”, — зикр намуд ӯ. Ин боиси тағйир ёфтани стратегияи мубориза бо пандемия хоҳад шуд,- мегӯяд Сумя Сваминатан. Вай ёдовар шуд: ҳарчи зудтар беморӣ ошкор шавад, имконияти табобати дилхоҳи он  ҳамон андоза меафзояд. «Маҳз афзоиши дастрасии озмоишҳои тестӣ  сабаби коҳиш ёфтани сатҳи маргу мир нисбат ба давраи аввали пандемия гардид», — хулоса кард коршинос.

 

АКС аз бойгонӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 599
  • 1,242
  • 949,619