Тӯҳфаи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Тӯҳфаи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб
Август 19
09:20 2019

Рӯзи 17-уми августи соли 2019 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардорони як қатор раёсатҳо, хадамотҳо, ҷузъу томҳо ва ҳайати шахсии Раёсати тиббӣ ва Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб бинои нави Дармонгоҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ ба истифода дода шуд.

Вазири корҳои дохилӣ дар оғози чорабинӣ сараввал дар назди санги хотираи корманди Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ капитан Фаррух Иброҳимов гулчанбар гузошта, баъдан аз бинои нави Дармонгоҳи мазкур дидан намуд.

Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз сохт ва таъмири бино, шуъбаҳои қабули беморон, шуъбаи бемориҳои сироятӣ, шуъбаи бемориҳои дарунӣ, шуъбаи ҷарроҳӣ, ҳуҷраҳои беморон, доругузаронӣ, дандонпизишкӣ, барқароркунӣ, ташхисӣ, озмоишгоҳ, гӯшаи гиёҳдармонӣ, китобхона ва дигар бахшҳои Дармонгоҳ шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ ва таъмиру тармими он баҳои баланд дод. Ҳамчунин, аз аҳволи сарбозони бо табобат фаро гирифташуда ҳамсуҳбат гардида, аз саломатӣ, хизматрасонии табибон ва шароити табобат пурсон шуда, ба онҳо шифои комил таманно намуд.

Бояд қайд, ки Дармонгоҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД дорои ҳуҷраҳои васеъу барҳаво, муҳайё бо тамоми шароити иҷтимоӣ ва табобатӣ буда, масъулини он метавонанд дар як вақт ба 65 то 70 нафар хизмат расонида ва табобат намоянд.

Дар суханронии худ Рамазон Раҳимзода зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан дуруст қайд намудаанд, ки «Саломатии миллат боигарии давлат аст!».
Соҳаи тандурустӣ, умуман ҳифзи сиҳатии омма, таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбари давлат қарор дошта, имрӯз ҳамаи муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидаанд. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ соҳаи тиб бамаротиб рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Номбурда дар идома қайд намуд, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати таъмини беҳдошти саломатии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ аҳамияти махсус зоҳир намуда, мақомот имрӯз дорои инфрасохтори табобатию солимгардонии муосир мебошад.

Айни ҳол дар ихтиёри Вазорат 5 муассисаи тиббӣ ва 2 осоишгоҳ қарор дорад, ки иқтидори дар як вақт бо табобат фаро гирифтани 173 нафар бемор ва бо фароғату табобат фаро гирифтани 230 нафар кормандони мақомоту аъзои оилаи онҳоро доранд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Феврал 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜன    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
26272829  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 448
  • 1,242
  • 817,729