Таҷдиди беморхонаҳо идома дорад

Таҷдиди беморхонаҳо идома дорад
Июл 10
12:24 2018

Сӯбҳи имрӯз бо иштироки бевоситаи Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як шӯъбаи Беморхонаи марказии шахри Турсунзода, ки ҷадидан мавриди таъмиру тармим қарор гирифт, ба истифода дода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин маросим шуъбаи инфексионии кӯдаконаи Беморхонаи марказии шахри Турсунзода, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  оҷонсии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсози ТИКА,  ки аз таъмири кул бароварда шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббии замонавӣ ҷиҳозонида шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бояд тазаккур дод, ки то ба имрӯз наздики 300 000 нафар сокинони шаҳри Турсунзода, ки бевосита ҷиҳати расонидани ёрии тиббӣ ба ин беморхона муроҷиат менамуданд, аз ҷиҳати мавҷуд набудани таҷҳизоти тиббии замонавӣ дар муассиса танқиси мекашиданд. Аз ин ба баъд бо муҳайё гардидани чунин шароити хуби хизматрасони тиббӣ ин мушкилоти муроҷиаткунандагони беморхона бартараф гардида, ходимони шӯъбаи инфексионии кудаконаи Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода имкон пайдо намуданд, хизматрасонии тиббӣ ба аҳолиро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, хамасола наздики 3 000 беморро кабул намояд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 343
  • 1,242
  • 949,363