Декабр 31
11:22
2021
Бахшида ба Соли нави мелодии 2022 ба таълимгирандагони Маркази таълимию-тавонбахшии “Ирода” аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ва директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Зулфия Абдусаматзода кормандон ва таълимгирандагони марказро аз номи роҳбарияти вазорат ба Соли нави мелодии 2022 муборакбод намуда, аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Роҳбарияти олии мамлкат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, махсусан ятимону маъюбон ёдовар шуд.