Таҳлил ва баррасии вазъи бемориҳои урологӣ дар кишвар

Таҳлил ва баррасии вазъи бемориҳои урологӣ дар кишвар
Феврал 27
09:27 2024

26-уми феврали соли ҷорӣ вобаста ба таҳлил ва баррасии бемориҳои  урологӣ ва вазъи хизматрасонии тиббии ин самт дар ҷумҳурӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Зимни ҷаласаи мазкур гуфта шуд, ки беморишавии урологӣ яке аз масъалаҳои муҳими тиббӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба шумор меравад. Дар ин байн нишондиҳандаҳои бемориҳои паҳншудаи урологӣ, чун бемории санги пешоб, илтиҳобҳои гурда, роҳҳои пешобрав ва простата, гиперплазияи хушсифати ғадуди простата, инкишофи узвҳои пешобу таносул, стриктураи пешобрез, бенаслии мардона, дисфунксияи эректили ва ғайра барои таҳлили тиббиву демографӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ нақши намоён мебозанд.

Дар ҷаласа вазъи кунунии бемориҳои урологӣ дар мамлакат мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор гирифта, ба сармутахассисон ва мутахассисони соҳа ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ дар ин самт ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол дар кишвар 29 муассисаҳои махсусгардонидашудаи госпиталӣ дар 21 минтақаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ташхису табобати бемориҳои урологӣ фаъолият карда истодаанд, Ба ғайр аз ин, катҳои махсусгардонидашудаи урологӣ дар 24 шӯъбаҳои ҷарроҳии беморхонаҳои марказии ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ вуҷуд доранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 636
  • 1,242
  • 949,656