Таҷлили бошукӯҳи 33-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Таҷлили бошукӯҳи 33-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Сентябр 03
11:46 2024

Имрӯз, 3-юми сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулбаҳор Ашурзода, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, сардорони хадамотҳои соҳавӣ, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, шаҳри Душанбе ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Сипас, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони кишварро ба ифтихори ҷашни фархунда ва таърихии солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва муваффақияту бурдборӣ таманно кард.

Қайд карда шуд, ки 9 сентябр-Рӯзи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик ҷашни муҳиму фархунда ва тақдирсоз ба шумор меравад, ки ҳамасола дар саросари Ватани биҳиштосоямон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Ҳанӯз 33 сол муқаддам, яъне 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як марҳилаи басо  ҳассос ва тақдирсоз ба Истиқлолияти давлатӣ шарафёб гардид, ки ин дастовард барои миллати тоҷик арзиши бағоят бузург ва таърихӣ дорад.

Бояд гуфт, ки истиқлолият ҳамчун арзиши волои давлатдорӣ барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик оромиву осоиштагӣ, зиндагии пурсаодат, сарҷамъиву иттиҳод ва якдилӣ овард. Маҳз Истиқлолияти комили миллӣ буд, ки баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ миллати тоҷик дигарбора соҳибдавлат гардид ва дар харитаи олам кишваре бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд.

Истиқлолият давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд. Таҷрибаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомўзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рў овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳое мебошанд, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрўзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири кишвари соҳибихтиёрамон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардаанд.

Ин раванд инқилоби арзишманду таърихӣ буда, дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат ба сиёсати серҷабҳа ва бобарори Пешвои миллат иртиботи ногусастанӣ дорад ва ба устувории рукнҳои давлатдорӣ мусоидат карда, неруҳои солиму пешбарандаро ба тарҳрезии фардои боз ҳам осудаю обод ҳидоят менамояд.

Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии давлатӣ обру ва нуфузи Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил ва ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд. Махсусан, ташаббус ва пешниҳодоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои мубрами умумибашарӣ аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои абарқудрат  ҳамовозии амиқ пайдо карданд.

Дар даврони Истиқлолият ҳифзи солимии аҳолии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳои хеш таъкид мекунанд: “Дар кишвари соҳибистиқлоли мо саломатии мардум боигарии давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст”.

Аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои муҳимтарини кишвар, ба соҳаи тандурустӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тӯли 33 соли соҳибистиқлолӣ баҳри бунёд, азнавсозӣ, таъмиру тармими муассисаҳои тиббӣ ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонидани онҳо аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар иқдомҳои бузург амалӣ карда шудаанд.

Дар ин давра баҳри таъмини бонизоми рушди соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо стратегияву консепсия ва барномаҳои соҳавӣ қабул карда шуданд, ки татбиқи босамари онҳо айни замон бомаром идома дорад.

Маҳз дар партави сиёсати оқилонаи Сарвари давлат соҳаи тандурустии кишвар дар як муддати кӯтоҳ на танҳо ба пешрафтҳои бузург ноил гардид, балки тавонист ҳамқадами илми тибби ҷаҳонӣ гардад. Имрӯз табибони тоҷик дар баробари ҳамтоёни хориҷии хеш ба навоварӣ ва ихтироъкорӣ даст мезананд, ки ин амали эшон баҳри баланд бардоштани нуфузи илми тибби тоҷик дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мусоидат хоҳад кард.

Дар идомаи чорабинӣ меҳмонон низ ба сухани табрикотӣ баромад намуда, кулли кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакатро бахшида ба фарорасии солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, барояшон дар иҷрои масъулияти бузурги бар душ доштаашон дар роҳи таъмини солимии аҳолӣ барору муваффақият таманно карданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 480
  • 1,236
  • 1,022,784