1 июн дар ҷаҳон 71-умин солгарди Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2-и шаҳри Душанбе” чорабинии идона доир гардид, ки дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти муассисаи мазкур иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ меҳмонон зимни суханрониҳои хеш аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кӯдакон ёдовар шуда, иброз намуданд, ки воқеан имрӯз кӯдакони мо хушиқбол мебошанд, ки дар чунин фазои сулҳу ором умр ба сар мебаранд.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдакон пайваста талош меварзад. Яке аз аввалин санадҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 ба тасвиб расонида буд-ин Конвенсияи Созмони Милали Мутаҳҳид «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак» мебошад. Аз ҳамон сол то инҷониб Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба Кумитаи дахлдор СММ оид ба рафти иҷрои Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак гузориши миллӣ пешниҳод кардааст. Гузориши охирони Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2017 дар Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки айни замон дар муассисаи номбурда 89 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Дар идома маҳфили фарҳангӣ аз ҷониби таълимгирандагони марказ пешниҳоди меҳмонон гардонида шуд.