Тақрибан 20% одамони аз коронавирус шифоёфта пас аз ду моҳ ҷисмҳои бегонаи зидди уфунатро гум мекунанд — коршинос

Тақрибан 20% одамони аз коронавирус шифоёфта пас аз ду моҳ ҷисмҳои бегонаи зидди уфунатро гум мекунанд — коршинос
Октябр 19
15:26 2020

Тақрибан 15-20% -и беморони аз коронавирус шифоёфта давоми чанд моҳ пас аз шифо ёфтан  ҷисмҳои бегонаи зидди уфунатро гум мекунанд. Дар ин бора директори Институти илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи Санкт-Петербург ба номи Пастер, академики Академияи илмҳои Россия Арег Тотолян иброз намудааст, хабар медиҳад ТАСС.

«Аз ҷумлаи шифоёфтагон (аз беморӣ вобаста ба  коронавируси нав — шарҳи ТАСС) тақрибан 15-20% онҳо ҷисмҳои бегонаи зидди уфунатро гум мекунанд. Яъне системаи эминии бадан ба сатҳи ками ҷисмҳои бегонаи зиддиуфунатӣ вокуниш нишон додааст ва пас аз як-ду моҳ аз ин ҷисмҳои зиддиуфунатӣ  нишоне боқӣ намондааст», — гуфт ӯ.

Аз оғози пандемия дар ҷаҳон тақрибан 38,6 миллион нафар мубталои  коронавирус шуда, тақрибан 1 миллиону 11 ҳазор нафар фавтидаанд. Дар Россия тибқи маълумоти ситоди фаврии федералии мубориза бо коронавирус 1 399 334 ҳолати сироятёбӣ сабт шудааст, ки беш аз 1 млн нафар шифо ёфтаву  24187 нафар ҷон бохтаанд.

                                                                 Акси ТАСС

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 982
  • 1,242
  • 950,002