Таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ ҷараён дорад

Таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ ҷараён дорад
Август 24
15:08 2020

Раиси вилояти Суғд, Раиси ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сирояти коронавируси COVID-19 Раҷаббой Аҳмадзода аз муассисаҳои таҳсилоти олии маркази вилоят боздид намуда, бо раванди таълим ва риояи қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ шинос гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишкадаи политехникии ДТТ ташриф овард. Тавре аснои шиносоӣ маълум гардид, дар донишгоҳҳои зикршуда таълим бо риояи дастуру талаботи Ситоди ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19, инчунин тавсияҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, барои ҳифзи саломатии устодону донишҷӯён тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Роҳбарияти донишгоҳҳо барои пешгирӣ аз бемории коронавирус аз ҳисоби устодону донишҷӯëн навбатдоронро вобаста намуда, ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ, масофаи муқарраршуда, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Ҳамзамон корҳои безараргардонӣ дар муассисаҳои таълимӣ тибқи талабот сурат гирифта, пешниҳодоти идораҳои марбута дар самти тозагии бинову иншоот, санҷиши ҳамарӯзаи ҳарорати бадани устодону донишҷӯён, захираи маҳлулу маводи безараркунанда пурра риоя мегардад.

Раиси вилоят аз чанде аз синфхонаҳо боздид карда, бо устодону донишҷӯёни муассисаҳои олӣ суҳбат орост. Раҷаббой Аҳмадзода бори дигар аз донишҷӯён даъват кард, ки қоидаву тавсияҳои муқарраршудро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд ва барои таъмини саломатии худу атрофиён масъулияти бештар эҳсос намоянд.

Дар охир аз ҷониби роҳбари вилоят ба донишкадаву донишгоҳҳо як қатор китобҳои тозанашр ва маҳлулҳои безараркунанда, ниқобу маводи антисептикӣ туҳфа карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 119
  • 989
  • 887,473