Таҳти раёсати муовини Сарвазир Ширин Исматуллозода ҷаласаи Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир гардид

Таҳти раёсати муовини Сарвазир Ширин Исматуллозода ҷаласаи Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир гардид
Октябр 14
10:48 2020

13 октябри соли 2020 ҷаласаи Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода баргузор гардид.

Дар рӯзномаи ҷаласа ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 «Дар бораи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»,  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 «Дар бораи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» ва тасдиқи нақшаи кори Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мавриди тазаккур аст, ки масъалаҳои мазкур хеле муҳим буда, вобаста ба  омӯзиши усулҳои муҳофизати инфиродӣ ва оммавии аҳолӣ аз бемориҳои сироятӣ дар марҳилаи кунунӣ аҳамияти хосса доранд.

Ҳамзамон  оид ба  ҳисоботи ҷамъбастии зергурӯҳҳои гурӯҳи корӣ  оид ба омӯзиши ҳолати воқеии муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба пешгирӣ ва табобати сирояти нави коронавирус (COVID-19), ки аз 6 августи соли 2020 тасдиқ гардидааст ва назорати масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин таҳлили  ҳолати воқеии  пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ва дар ин замина гузаронидани корҳои фаҳмондидиҳӣ ба   масъулин дастур дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 901
  • 1,242
  • 949,921