Табибони Исфара ба муқаддасоти миллӣ дар сатҳи шоиста арҷгузорӣ намуданд

Табибони Исфара ба муқаддасоти миллӣ дар сатҳи шоиста арҷгузорӣ намуданд
Ноябр 25
07:38 2020

Таҷлили ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ҳамчун рӯзи ид бо шукӯҳу шаҳомати хоса сурат гирифт.

Ба ин муносибат дар толори беморхонаи марказӣ тантанаи идона ташкилу баргузор карда шуд, ки дар раванди он роҳбарияту кормандони беморхона ва намояндагони сохторҳои соҳаи тандурустии шаҳру деҳоти Исфара ширкат доштанд.

Рӯҳияи иштирокдорони маҳфили ҷашнӣ самимӣ ва нишотовар буда, ҳар яке бо Парчами миллии кишварамон бо меҳри дилу муҳаббати беандоза нигоҳ андӯхтаву шукрона аз рӯзгори озоду обод ва босаодати хеш доштанд.

Сартабиби Беморхонаи марказӣ Таибидин Мухамедов зимни муборакбодии ҳозирин Парчамро далели мавҷудияти миллату давлат, барои Ватан як нишони муқаддас ва мояи ифтихору эътибору шарафи ҳар халқи соҳибдавлат арзёбӣ карда, зимнан аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, ки таҳти парафшонии Парчами муқаддаси милливу давлатӣ  ба даст омадаанд, ёдоварӣ намуд.

Мавсуф изҳори орзумандӣ аз он намуд, ки бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони азиз ҳамчун шуълаи имон ва оташи виҷдони ҳар фарзанди бонангу номуси миллат то абад дар ақсои олам парафшон бошад, чун рамзи озодӣ ва саодати абадӣ халқи моро ба рӯзгори босаодат ва қуллаҳои мурод расонад.

Дар раванди маҳфили ҷашнӣ гурӯҳе аз мутахассисони соҳаи тандурустӣ барои хизмати содиқонаю софдилона ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи сиҳатии омма бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Маҳфилро ширкат ва ҳунарнамоии санъаткорони маъруфи шаҳр ҳусни тозаву хотирмон бахшид, ки тараннумгари эҳсоси сохибихтиёриву сохибдавлатӣ буд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 907
  • 1,242
  • 949,927