СУРАТ-ДАЛЕЛ: Табибони тоҷик амалиёти ҷарроҳии эзофагопластикаро бомуваффақият анҷом доданд

СУРАТ-ДАЛЕЛ: Табибони тоҷик амалиёти ҷарроҳии  эзофагопластикаро бомуваффақият анҷом доданд
Ноябр 20
13:27 2020

Ҷарроҳӣ яке аз самтҳои муҳимтарини соҳаи тиб ба шумор меравад, ки нақши он дар барқарорсозӣ ва солимгардонии инсонҳо бағоят калон мебошад. Маҳз ба воситаи ҷарроҳӣ инсонҳо саломатии худро барқарор намуда, ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд. Боиси хушнудист, ки айни замон дар кишвари азизамон бисёр ҷарроҳиҳои мураккаб, ки қаблан гузаронида намешуданд, амалӣ карда мешаванд.

Хушбахтона, давоми солҳои охир дар баробари дигар муассисаҳои тиббии кишвар, дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш” низ аз ҷониби табибон амалиётҳои нави ҷарроҳӣ амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла бо дастгирии бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» ва устодони кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар шӯъбаи ҷарроҳии навзодон ва синну соли ширмаки  муассисаи мазкур дар таърихи тибби тоҷик якумин маротиба амалиёти ҷарроҳии эзофаго-эзофагопластика бо ташхиси атрезияи сурхрӯда бомуваффақият  ва натиҷаи мусбӣ анҷом дода шуд.

Агар ба таърихи тиб назар кунем, ташхиси атрезии сурхрӯда соли 1941 якумин маротиба дар ҷаҳон ва  соли 1955 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз тарафи ҷарроҳи кӯдакона Баиров Гирей Алиевич муваффақона иҷро карда шуд.

Ин намуди ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон аввалин маротиба соли 2019 аз тарафи ҷарроҳони Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш” Султонов Шералӣ ва Раҳмонов Шоҳин бомуваффақият гузаронида шуд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш”, ки махзани илму маърифати соҳаи тибу табобат мебошад, барои пешгирӣ ва табобати дилхоҳ беморӣ тамоми шароити лозима муҳайёст, ки  ин ҳама аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи тандурустӣ дарак медиҳад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 740
  • 1,242
  • 949,760