Табибони Тоҷикистон ва Амрико дар самти табобат ва пешгирии бемориҳои пуст ба таври онлайнӣ мубодилаи таҷриба намуданд

Табибони Тоҷикистон ва Амрико дар самти табобат ва пешгирии бемориҳои пуст ба таври онлайнӣ мубодилаи таҷриба намуданд
Декабр 01
14:50 2021

Табодули таҷриба миёни мутахассисони бахшҳои гуногуни кишварҳои олам яке аз роҳҳои аслии рушди кулли ҷанбаҳои муҳими инсонӣ дониста мешавад. Ҳамин аст, ки бо рӯ овардани ҷомеаи башарӣ ба рушди бемайлони илму технология дар замони муосир ва ҳамзамон таҳдиди ҳар лаҳза зуҳури бемориҳои нав ба нав ва ё худ рӯи кор омадани маризиҳо, анҷом додани табодули таҷриба миёни кишварҳои олам дар шакли ҳузурӣ ва онлайнӣ тақозои замон аст.

Имрӯзҳо ба миён омадани бемориҳои нав ба нави пуст миёни аҳолии башар яке аз мушкилоти соҳаи тибби ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Ҳамин аст, ки дар қатори дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, беморхонаҳое, ки самти фаъолияташон ба муоинаву дармони гирифторони бемориҳои пуст равона шудааст, хосатан Муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои пуст” дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукумати ИМА, кишвари Непал ва дигар мамолики сайёра баҳри дарёфти саривақтии дармон ба бемориҳои пуст ҳамкории густурдаеро ба роҳ монда, мунтазам табодули таҷриба тариқи онлайнӣ гузаронида мешавад.

Маҳз дар доираи ҳамкориҳои судманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои соҳаи тиббии кишварҳои болозикр ва хосатан  бо Ташкилоти ғайридавлатии “Пашша”, маҳз дар соли ҷорӣ 25 конфронсӣ онлайнӣ бо ҳузури мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амрикову Непал гузаронида шуда, дар кори онҳо услуби дурусти табобати як чанд навъ бемориҳои пуст мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор дода шудаанд.

Маврид ба тазаккур аст, ки дар рафти конфрони онлайнии суратгирифта олимону мутахассисони соҳаи бемориҳои пусти мамлакат, хосатан аз шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Панҷакент, Ваҳдат  ва мутахаасисони баландпояи соҳавии кишварҳои Амрикову Непал, ҳамзамон докор Алӣ Лутфизода, табиби кишвари Амрико, ки чандест ҷиҳати андухтани табодули таҷриба  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур дорад, иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ҳамкориҳои густурдаи МД “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои пуст” бо Ташкилоти ғайридавлатии “Пашша” аз соли 2015 инҷониб идома дошта, мунтазам табодули таҷриба миёни мутахассисони соҳавии  Тоҷикистон ва Амрико гузаронида мешавад. Мутахассисон бар он бовар ҳастанд, ки сурат гирифтани чунин чорабиниҳо заминаи аз байн рафтани мушкилот дар табобату муоинаи бемориҳо мегардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 966
  • 1,242
  • 949,986