Ҷамъомад гурӯҳи кории байниидоравӣ ҷиҳати таҳлил ва омӯзиши лоиҳаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

Ҷамъомад гурӯҳи кории байниидоравӣ ҷиҳати таҳлил ва омӯзиши лоиҳаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Сентябр 20
14:48 2018

Имрӯз дар толори маҷлисии бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифҳи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади гурӯҳи кории байниидоравӣ, ҷиҳати таҳлил омӯзиш ва баррасии  Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки  Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади иҷрои банди 21 нусха аз Протаколи машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2018 ва банди 11 Нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати пешгирии сироятшавии сокинон ба ВНМО, пурзур намудани ҷавобгарӣ аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятӣ, барои қочоқ ва  фурӯши маводи дорувории пастсифат, ҷавобгарии табибон, барои ба бемориҳои сирояти гирифтор намудани шаҳрвандон аз ҷониби стоматологҳо, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо роҳандозӣ гардидааст.

Рафти баргузории ҷамъомадро Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, дар кори он Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Дилором Содиқова,  ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Султон Бекмуродзода, сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони раёсатҳои ин ниҳод, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Гуфта мешавад  Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ҷиҳати пурзур намудани ҷавобгарӣ аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятӣ барои қочоқ, воридот ва фурӯши маводи дорувории пастсифату ғайристандартӣ, ҷавобгарии табибон, аз ҷумла стоматологҳо, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо барои ба бемориҳои сирояти гирифтор намудани шаҳрвандон, дорухонаҳое, ки доруворӣ ва маводҳои тиббии бесифат, мӯҳлаташон гузашта ва қалбакӣ, инчунин бо роҳи қочоқ воридшударо ба фурӯш мебароранд, тартиб хоҳад ёфт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 210
  • 1,171
  • 723,273