Табобат бигир ва бидуни сил зиндагӣ намо

Табобат бигир ва бидуни сил зиндагӣ намо
Сентябр 03
17:16 2023

Сил (туберкулез аз калимаи лотинӣ tuberculum  «лӯндача» ва ё «арзана» гирифта шудааст) бемории дар ҷаҳон хеле паҳнгардидаи бактериявии инсон ва ҳайвонот мебошад, ки барангезандаи он микробактерияи сил (чӯбчамикроби Кох)  ба шумор меравад. Бемории сил асосан ба шуш осеб расонида, баъзан ба узвҳо ва бофтаҳои  дигари бадан низ асар мегузорад. Бемории сил табобатшаванда ва пешгиришаванда аст. Соли 1882 дар Олмон Роберт Кох пас аз 17 соли кор дар озмоишгоҳ (лаборатория) барангезандаи бемории силро кашф намуд, ки онро батсилаи Кох  ва ё чӯбчамикроби Кох номиданд.  Ҳоло табибони   силшинос аз истилоҳи микробактерияи бемории сил истифода мебаранд. Бемории сил аз инсон ба  инсон тавассути ҳаво  паҳн мегардад. Ҳангоми сулфазанӣ, атсазанӣ ва ё балғампартоӣ бактерияҳои бемории сил аз шахсони гирифтори ин  беморӣ ба ҳаво паҳн мешаванд. Барои сироятшавии инсон танҳо нафас кашидани миқдори камтарини чунин бактерияҳо кифоя аст.

Олимон бар он назаранд, ки тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дорои бемории сили  ниҳонӣ мебошад. Хавфи гирифтори ин беморӣ  шудани онҳо дар тӯли ҳаёт   10%-ро ташкил медиҳад. Аммо ба шахсоне, ки системаи масунияташон заиф аст, мисли беморони ВНМО, нокифоягии ғизо, диабет ва ё тамокукашӣ, хавфи басе зиёди дучоршавӣ ба ин беморӣ таҳдид мекунад.

Ба иқрори мутахассисон нишонаҳои умумии бемории фаъоли сили шуш – ин сулфа, баъзан бо балғам ва хун, дард дар қафаси сина, бемадорӣ, лоғаршавӣ, табларза ва арақзеркунии шабона мебошанд. Дар як қисми маризон ҳангоми гирифтор будан ба шакли фаъоли ин намуди беморӣ  нишонаҳо метавонанд дар тӯли якчанд моҳ мӯътадил бошанд, ки ин ҳолат боиси ба таъхир гузоштани муроҷиат ҷиҳати ёрии тиббӣ ва интиқоли бактерияҳо ба шахсони дигар мегардад. Ин ҳам дар ҳолест, ки мувофиқи таҳлилҳо дар давоми як сол инсони гирифтори бемории сил дар ҳолати риоя накардани талабот метавонад то 10-15 нафарро, ки бо вай дар алоқаи зич қарор доранд, сироят намояд.

Олимони соҳа чунин мепиндоранд, ки бемории сил танҳо шуши инсонро сироят намекунад, балки бемориҳои  сили ғайришушӣ низ мавҷуд ҳастанд.  Гуфта мешавад, нишонаҳои шакли ғайришушии бемории сил  бевосита аз ҷойгиршавии раванди сироят вобастагӣ доранд.

Бемории сил аз давраҳои дерина ва то ба имрӯз ҳамчун  проблемаи хеле муҳими иҷтимоӣ ва тиббӣ арзи вуҷуд дорад. То асри ХХ  бемории сил воқеан табобатнопазир буд. Айни замон барномаи маҷмӯавӣ таҳия карда шудааст,  ки барои ошкор намудан ва табобати ин беморӣ дар марҳилаҳои ибтидоии инкишофи он имконият фароҳам меорад.

Хушбахтона, тайи солҳои охир гирифторшавии сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бемории сил торафт коҳиш ёфта истода, инчунин бо рӯи даст гирифтани чораҳои амалӣ вобаста ба мубориза алайҳи ин намуди маризӣ пойгоҳи ташхис ва табобати муассисаҳои соҳа мустаҳкам гардидааст. Аммо, дар ин баробар,   бо вуҷуди сол ба сол коҳиш ёфтани гирифторшавӣ ба бемории сил, айни замон ҷиҳати нигаронкунанда дар ин масъала гирифторшавӣ ба бемории шакли васеи мутобиқгаштаи сил мебошад. Чунин беморон ба қисми зиёди доруҳо мутобиқ буда, барои атрофиён хавфнок маҳсуб меёбанд. Бо назардошти табобати фарогири чунин беморон дар  кишварМаркази бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина шуъбаи махсус таъсис дода шуд. Онҷо беморон якчанд муддат табобати дармонгоҳӣ мегиранд ва баъдан табобати онҳо дар муассисаҳои ёрии аввалияи тиббӣ ва санитарӣ идома меёбад.

Имрӯзҳо бо талош ва кӯшиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра малбағҳои ҷудошаванда аз буҷети кишвар ҷиҳати харидории номгӯйи дорувории зиддисилӣ зиёд гашта, инчунин барои  ба табобат фаро гирифтани маризони шаклҳои гуногуни сил шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.  Имрӯз дар ҳамаи  шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои бемории сил амал мекунанд, ки дар онҳо ташхис ва табобати ин намуди беморӣ комилан  ройгон бароҳ монда шудааст.

Мувофиқи омори расмии ҷаҳонӣ, кишварҳое, ки шумораи бештари беморони сил дар онҳо маскунанд,  ин Покистон, Ҳиндустон, Бангладеш, Тайланд, Индонезия, Филиппин, Хитой, Бразилия, Мексика, Эфиопия ва Амрикои Шимолӣ  мебошанд.

Бояд гуфт, ки табобати бемории сил дар саросари кишвар  ройгон бароҳ монда шудааст.

Фаромуш набояд кард, ки дарёфт ва табобати саривақтӣ кафолати шифоёбии комили ҳар як бемор аст!

                                                                                       Суғдмеҳри Маъруфзод

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 308
  • 989
  • 887,662