Табрикоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи модар

Табрикоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи модар
Март 07
19:29 2024
Модарони азиз!
Муҳтарам бонувони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимиии аҳолӣ!
Бо камоли хушнудӣ ва арзи эҳтиром Шуморо бахшида ба Рӯзи Модар аз самими қалб табрику шодбош намуда, ба ҳар кадоматон пеш аз ҳама сиҳатмандии комил, хушбахтиву саодатмандии бардавом ва зиндагии орому осударо таманно менамоям.
Воқеан ҳам модар калимаи бузургест, ки бо шуниданиш дар вуҷуди ҳар шахс эҳсоси меҳру муҳаббат, ишқу саодат ва хушбахтӣ тавлид мешавад. Ҳақ бар ҷониби бузургон аст, ки модарро маънии ҳаёт ва домони поки ӯро оғозбахши зиндагонии инсоният маънидод намудаанд.
Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад.
Арҷгузории баланд ба зан-модари тоҷик бе замина нест, зеро ӯст, ки бузургону нобиғагони зиёдро ба олам додааст, яъне саҳми бузурге дар тарбияту камолоти онҳо ва бад-ин васила дар маънавиёти башар гузоштааст. Маҳз ба шарофти зан ва модари тоҷик наҷибтарин маросиму суннатҳои башарӣ бо ҳама рангу тобишҳо бегазанду дилрабо ҳазорсолаҳоро убур карда, то рӯзгори мо омада расидаанд. Зан ва модари тоҷик аст, ки ин қадар пешаву ҳунарҳои баланди миллиро то имрӯз маҳфуз доштааст. Саҳми бузурги зан ва модари тоҷик аст, ки мо имрӯз бо ҷашнҳои хуҷастаи таърихии халқамон, мисли Наврӯзи аҷам ва Садаву Меҳргон ифтихор дорем, зеро маҳз занону модарони мо буданд, ки бисёре аз расму таомули ин маросимҳоро, сарфи назар аз фишорҳои гарони замонаҳо ва душманон солим нигоҳ доштанд.
Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад.
Бо дарки амиқи бузургии зан-модар Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани мақом ва мартабаи ин қишри ҷомеа тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохта, аллакай ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Аз ин ҷост, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи баланд бардоштани мақом ва манзалати занон дар ҷомеа зери таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон иброз доштаанд: “Мо ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”.
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии зан-модар вобаста аст.
Дар ҳақиқат ҳам дар баробари дигар бахшҳо, саҳми бонувони мамлакат дар рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ айни замон хеле назаррас буда, онҳо баҳри татбиқи сиёсати солимии Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари мардон сарбаландона кору фаъолият доранд. Тибқи маълумоти оморӣ, айни ҳол 71 фоиз кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакатро занону бонувон ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2025 оид ба амалисозии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 таҳия ва мавриди амал қарор дода шуда истодааст.
Дар заминаи тадбирҳои зикршуда ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд торафт афзун мегардад.
Боварии комил дорам, ки занону бонувони далеру шуҷоъ ва соҳибхиради кишвари азизамон минбаъд низ ба дастгириҳои Роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат сазовор гашта, тамоми кӯшиш ва талоши хешро баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон равона месозанд.
Бори дигар шуморо ба ифтихори ин ҷашни фархунда табрику шодбош намуда, тамоми хушиҳои зиндагиро баҳратон таманно дорам.
Рӯзи Модар хуҷаста бод, занону бонувони азиз!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 646
  • 1,242
  • 949,666