“Тадқиқоти таҳлилии вазъият дар бораи дастрасӣ ва иштироки шахсони дорои маъюбият ба хизматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, воситаҳои зиндагӣ ва таҳияи стандартҳои дастрасӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

“Тадқиқоти таҳлилии вазъият дар бораи дастрасӣ ва иштироки шахсони дорои маъюбият ба хизматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, воситаҳои зиндагӣ ва таҳияи стандартҳои дастрасӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Март 29
16:45 2022

29 марти соли равон дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе оид ба рафти татбиқи лоиҳаи “Тадқиқоти таҳлилии вазъият дар бораи дастрасӣ ва иштироки шахсони дорои маъюбият ба хизматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, воситаҳои зиндагӣ ва таҳияи стандартҳои дастрасӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷаласаи  корӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шарикони рушд ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед зимни сухани ифтитоҳии ҷаласа иброз дошт, ки маҳз тавассути сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаву лоиҳаҳои шарикони рушд ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии табақаҳои ниёзманди  аҳолӣ  дар кишвар дар амал татбиқ гардида истодаанд.

Тавре маълум аст, соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ба тасвиб расонида шуд. Дар робита ба ин, ҷиҳати иҷрои банди  4.6 “Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалнамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020, №116 тасдиқ  гардидааст, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯмаки техникии намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JICA) лоиҳаи “Тадқиқоти таҳлилии вазъият дар бораи дастрасӣ ва иштироки шахсони дорои маъюбият ба хизматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, воситаҳои зиндагӣ ва таҳияи стандартҳои дастрасӣ дар Тоҷикистон” татбиқ карда шуд.

Мутобиқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020, №1063 ҷиҳати ҳамоҳанг ва баррасии рафти татбиқи лоиҳа Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ таъсис дода шуда, тавассути ҷаласаҳои худ раванди амалисозии он ва тасдиқи хуҷҷатҳои заруриро танзим менамояд.

Ҷиҳати ба роҳ мондани татбиқи босамари лоиҳа ҳуҷҷатҳои муҳими лоиҳавӣ, бахусус супориши техникӣ, методология ва пурсишномаҳо барои марҳилаи якум ва дуюми тадқиқот таҳия карда шуда, баъди мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳои дахлдор барои истифода ба тарафҳои манфиатдор пешниҳод гардиданд.

Дар идомаи ҷаласа иштирокчиён доир ба рафти амалисозии лоиҳа мубодилаи афкор намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 619
  • 1,242
  • 949,639