Ташаббусе, ки дар меҳвари он наҷоти мардуми сайёра қарор дорад

Ташаббусе, ки дар меҳвари он наҷоти мардуми сайёра қарор дорад
Июн 11
17:20 2019
Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои  2018-2028

Об, ту ранг, маза ва бӯй надорӣ, туро наметавон тасвир намуд, одамон аз ту ҳаловат мебаранд, дар он сурате, ки ба пуррагӣ намедонанд ту чӣ ҳастӣ. Наметавон гуфт, ки ту чизи зарурӣ барои ҳаётӣ, чунки ту худ ҳаётӣ.

(Антуан де Сент-Экзюперӣ, нависандаи фаронсавӣ)

Об. Гарчанде ин унсури табиат дар нигоҳи  муқаррарӣ содда ва оддӣ менамояд, аммо дар нигоҳи дурандешона ва амиқ сарвати бебаҳо, сарчашмаи ҳаёт ва боиси зиндагии тамоми махлуқоту мавҷудоти рӯйи олам мебошад. Зиндагии инсонро бидуни об тасаввур намудан аз доираи ақл берун аст. Барҳақ, об худ унсури меҳварӣ дар зиндагии инсоният дар ин дунё мебошад. Инсон на танҳо ба воситаи об зиндагӣ мекунад, балки бо он дунёро месозад.

Пас, бо чунин бузургӣ ва дар зиндагии мо инсонҳо нақши калидӣ доштанаш, ба қадри ин сарвати бебаҳо бояд расид ва эҳтиромашро ба ҷо овард. Оре, об низ қобили эҳтиром ва арҷгузорист. Зеро модоме, ки тору пуди зиндагонии мо аз ин неъмат сарчашма мегирад ва бидуни он зистани мо ҳеҷ  мумкин нест, пас чаро онро эҳтиром накунем ва пос надорем?

Ин суолест, ки бояд дар зеҳн дошта бошем ва ҳар гоҳ нисбати ин унсур беэҳтиромӣ бикунем, онро ба ёд биоварем.

Об маҳсулоти асосии истеъмолӣ дар ҳаёти инсон мебошад, ки бидуни он зиндагӣ ғайриимкон буда, қисми асосии таркибии олами зинда маҳсуб меёбад. Тибқи таҳқиқоти олимон, таркиби растаниҳо то 90% ва бадани инсон то 70% аз об иборат аст. Инчунин  аз 3/4 ҳиссаи курраи заминро  об фаро гирифта, он  қариб ба ҳамаи ҷараёнҳои олами зинда таъсири худро мерасонад. Олимон исбот намудаанд, ки 70-95%-и олами зинда дар курраи замин аз об иборат мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки  об дар асри 21 яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрам ба шумор рафта, он имрӯз боиси нигаронӣ ва ташвиши кишварҳои дунё ва созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ гардидааст.

Дар ин радиф ёдрас бояд шуд, ки ҳанӯз соли 1950 сол то сол камшавии захираҳои оби курраи замин муайян шуда буд.

Бо назардошти омили болозикр ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирӣ ва ҳалли ин мушкилоти глобалӣ, шурӯъ аз соли 1992 5-уми март ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии оби нӯшокӣ дар кишварҳои дунё қайд  карда мешавад.

Бино ба маълумоти  СММ айни замон бештар  аз 1,2 млрд. нафар аҳолии рӯйи замин дар шароити норасогии об умр ба сар бурда,  қариб 2 млрд. нафар аҳолӣ доимо аз об танқисӣ мекашанд. Тибқи  пешгӯйи коршиносони байналмилалӣ, дар миёнаи асри ХXI шумораи нафароне, ки ҳамеша  аз  норасоии об танқиси хоҳанд кашид, то ба 4 млрд. нафар мерасад.

Дар ин росто коршиносони соҳа таъкид мекунанд, ки  ҳар сол талабот ба оби ошомиданӣ  дар курраи замин  то ба 64 млн. куб меафзояд. Масалан, агар давоми  солҳои 1950 -2016 аҳолии замин се маротиба зиёд шуда бошад, дар ин давра талабот ба оби ошомиданӣ 17 маротиба зиёд гардид. Тибқи пешгӯиҳои коршиносон, соли 2025 қариб 50% ва дар соли 2050 қариб 75%-и аҳолии замин норасогии оби ошомиданиро ҳис хоҳанд кард, ки ин масъала дар воқеъ боиси нигаронӣ  мебошад.

Мутаассифона бинобар сабаби норасоии оби ошимиданӣ мардум маҷбур мешаванд, ки аз обҳои ба талабот ҷавобгӯ набударо истеъмол намоянд ва ё онро  муддати тӯлонӣ  нигоҳ доранд, ки ин омил боиси хуруҷи ҳар гуна бемориҳо мешавад. Дар бештари кишварҳои Қораи Африқо сокинон 5 соати як рӯзро дар ҷустуҷӯи оби нӯшокӣ сарф мекунанд. Бино ба гуфтаи коршиносон, норасоии оби ошомиданӣ яке аз сабабҳои асосии афзоиши наёфтани кӯдакон арзёбӣ гардида, ҳамасола дар ҷаҳон то 5 миллион одам аз норасоии оби ошомиданӣ ба ҳолакат мерасанд, ки бештари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Олмони Донишкадаи тадқиқотии Уқёнуси Ором исбот намудаанд, ки давоми бист соли оянда 34 миллион сокинони сайёра дар пайи мушкилии норасоии оби ошомиданӣ ҷони худро аз даст медиҳанд.

Муайян гардидааст, ки норасоии об, аз ҷумла дар мамлакатҳои  осебпазир боис ба хуруҷи ҳар гуна бемориҳо  гардида, бар асари он  давоми ҳар як 8 сония як кӯдак бо марг рӯ ба рӯ шуда истодааст.

Гурӯҳе аз мутахассисон тахмин мекунанд, ки инсоният тӯли зиндагонии худ барои об мубориза мебарад. Зеро, бино ба ақидаи онҳо об нишондиҳандаи пиршавии инсонҳо мебошад. Масалан, агар дар таркиби бадани кӯдак аз таваллуд то синни як солагӣ 80-85% об бошад, ин шумора то ба синни 18 солагӣ расидани шахс 65-70% ва дар пиронсолӣ то ба 25% мерасад. Бинобар ин лозим аст, ки баҳри таъмин кардани организми  хеш бо оби босифат ва бо миқдори кифоягӣ мубодилашавии оби сифатнокро баробар нигоҳ дорем. Бояд гуфт, ки ҳаёти инсон аз сифатнокии об низ вобаста мебошад.  Зеро он барои организми инсон  пас аз кислород моддаи дуюмин ба шумор меравад.

Муайян карда шудааст, ки дар ҳолати то 2%-и об аз бадани инсон ихроҷ  гаштан шахс ташнагиро ҳис мекунад, дар сурати 6-8% ҳолати мадҳуширо ҳис мекунад, дар сурати 10% нарасидани об дар бадани инсон нишонаҳои таваҳҳумӣ (галлюцинация) пайдо мегарданд ва дар сурати 12% мавҷуд набудани об инсон мемирад. Олимон исбот намудаанд, ки барои фаъолияти муътадили организми инсон дар як шабонарӯз 20-25 литр оби нушокӣ лозим аст.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф мебошад. Захираҳои асосии обии Тоҷикистон асосан дар пиряхҳо ҷойгир шудаанд. Миқдори пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 14 500 ададро ташкил намуда, масоҳати умуми яхҳо ба 11146 км2 бмебошанд. Захираи умумии яхҳо тақрибан ба 845 км3 баробар аст, ки миқдори оби онҳо аз ҳаҷми яксолаи обҳои дарёҳои Тоҷикистон 13 маротиба зиёд аст. Дар ҳудуди Тоҷикистон 947 дарёҳо мавҷуданд, ки дарозии умумии онҳо 28500 км-ро ташкил медиҳад. Аз ин дарёҳо зиёда аз 80%-и оби Амударё сарчашма мегирад, ки он ба 55,4%-и оби ба баҳри Арал ворид мешуда баробар аст. Дар Тоҷикистон тақрибан 1300 кӯлҳо бо масоҳати умумии 705 км2 ҷойгир шудаанд, ки захираи оби онҳо 46,3км3 ташкил медиҳад, аз ҷумла 20км3-и онҳо оби ошимиданӣ мебошанд. Дар Тоҷикистон 9 обанборҳо мавриди истифода қарор доранд,  ки ҳаҷми пурраи онҳо ба 15,344 км3 баробар аст. Ҳаҷми фоиданоки онҳо 7,63 км3-ро ташкил медиҳад.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз кишварҳои ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла норасоии оби ошомиданӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Вобаста ба ин масъалаи мубрами байналмилалӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2010 зимни суханронии хеш аз минбари Созмони Милали Муттаҳид иброз дошта буданд: «Вақте ки бо сабаби нарасидани оби тозаи нӯшокӣ аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёра азият мекашанд, мо мардуми Осиёи Марказӣ наметавонем мавқеи бетарафиро ихтиёр кунем».

Вобаста ба ин ҳанӯз  соли 2003 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005-2015” пешниҳод гардида буд, ки худи ҳамон сол Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он солҳои 2005 – 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон гардид. Баъдан, дар чаҳорчӯби даҳсолаи мазкур Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси дигари Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об қабул кард.

Қобили зикр аст, ки 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони  Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028  бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, эълони  Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардида буд.

Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”,  солҳои 2018-2028 баҳри дастрасии бештари аҳолии сайёра  бо оби ошомиданӣ равона гардида, онро ба ибораи дигар “наҷотдиҳандаи мардуми сайёра” метавон номид. Зеро ин ташаббуси Сарвари давлат ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор медиҳад, ки солҳои наздик масъалаи оби ошомиданӣ боз ҳам мураккабтар гардида, зарур аст, ки баҳри бартараф намудани мушкилотҳо дар ин самт аз ҳоло чораҷӯӣ бикунем. Тавре мегӯянд, “илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд  мушкилотеро барои таваҷҷуҳ ва баррасии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба миён гузоштаанд, ки он аллакай  ба мушкилоти рақами яки мардуми сайёраи замин табдил ёфтааст. Бо вуҷуди он, ки мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ  дар як қатор минтақа ва кишварҳои олам ба ҳадде нигаронкунанда нест,  аммо бино ба пешгӯии коршиносон, ин мушкилот дар ояндаҳои наздик аз имрӯза дида боз ҳам шадидтар  хоҳад шуд.

Сарвари давлат бо ташаббусҳои созандаи хеш дар самти масоили об  бори дигар нишон доданд, ки ҳамчун як сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами умумиҷаҳонӣ бетараф нестанд.

Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти масоили об саривақтӣ  буда, баҳри ҳалли ин мушкилоти глобалӣ заминаи мустаҳкам хоҳанд гузошт.

    ХУСРАВ  ШОҲСАИДОВ

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 543
  • 1,242
  • 949,563