Забони модарӣ рамзи пойдорӣ ва ҳастии миллат!

Забони модарӣ рамзи пойдорӣ ва ҳастии миллат!
Сентябр 30
16:55 2022

Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад, ки инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд.

Барҳақ,  забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Зеро аз бузургтарин рукнҳои ташаккул, тарааққиёт ва камолоти ҳар миллат ин забони ӯст. Тавассути забон миллат метавонад қадами устувор ва собитро дар шоҳроҳи худшиносӣ ва мондагориву пояндагӣ бигузорад. Миллате, ки дар ҳимоят ва пуштибонӣ аз забони хеш, ки олитарин мерос аз аҷдоди ӯст, устувор ва босадоқат кӯшиш ба харҷ намедиҳад, ояндаи ӯ бас тира хоҳад буд, балки ӯ ҳамчун миллат ояндае надорад.

Забони тоҷикӣ, бешубҳа арзиши бузурги миллӣ, мояи ифтихор ва пояи давлатдорӣ, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, ки  давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва ҳидояту ташабускориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд.  Зеро рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллии мо пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад.

Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.

Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд.

Фаромуш набояд кард, ки солҳои бистуми асри гузашта, яъне дар шароити барои халқи тоҷик ва забони модарии он басо ҳассосу тақдирсоз забони мо расман номи «забони тоҷикӣ» – ро соҳиб шуд ва яке аз далелҳои ҷиддии ташкил ёфтани давлати миллиамон гардид. Забони тоҷикӣ ҳам барои миллати тоҷик бузургтарин рукни рушду нумӯъ ва пояндагиву мондагорӣ маҳсуб мешавад. Агар гуфта шавад, ки тавассути забон тоҷикон то имрӯз ҳамчун миллат дар дунё шинохта ва эътироф шудаанд, муболиға нахоҳад шуд. Зеро, ин забон буд, ки дар дарозои таърих гузаштагони фарҳангии мо: шоирону носирон, олимону ҳакимон тавассути он аз худ мероси гаронбаҳои хаттӣ боқӣ гузоштанд. Суханҳои пургавҳари устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Фаридуддини Аттор, Ҳаким Саноӣ, Мавлавӣ Ҷалолиддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ ва садҳо тан ҷуз инон баёнгар ва нишонаи ин гуфтаҳо хоҳанд буд, ки бо забони ноби тоҷикӣ ва ба гуфти худи онон: дурри дарӣ афкори баланди хешро рӯйи коғаз меоварданд.

Лозим ба ёдоварист, ки Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи арзишҳои асили миллӣ ва суннатҳои маънавии халқи тоҷик заминаи мусоиди иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба вуҷуд овард. Дар рафти таҷдиду такомули забони тоҷикӣ падидаҳои зиёди нав тавлид ёфтанд, имкониятҳои дохилию зоҳирии сохтори забон, сарчашмаҳои ғанӣ ва қудратманд гардонидани он бештару беҳтар мавриди таҳқиқи мутахассисон қарор гирифтанд. Сиёсати пайгиронаи давлат, шароити зарурӣ ва мувофиқ дар роҳи истифодаи ганҷинаи маънавию фарҳангии миллат аз ҷумлаи он омилҳое мебошанд, ки барои густариши самараноки забони давлатӣ шароитҳои мусоид ба миён оварданд.

Ҳаминро метавон ёдоварӣ намуд, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамадунҳо, ки нестшавии фарҳангу забон ва дигар арзишҳои инсонӣ ба чашм мерасанд, мо тоҷиконро зарур аст, ки омӯзиш, пуштибонӣ ва тоза нигаҳ доштани забони худро бояд муқаддастарин вазифаи миллии худ донем ва онро бояд ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигаҳбонӣ кунем ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода барем. Зеро қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем.

Директори  Муассисаи давлатии «Маркази

ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ»

Бойназарова Малоҳат Ҳикматуллоевна

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 191
  • 1,263
  • 841,940