Ташрифи мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Халқии Хитой ба вилояти Хатлон

Ташрифи мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Халқии Хитой ба вилояти Хатлон
Май 27
09:20 2020

26 майи соли равон муовини раиси вилояти Хатлон Шарифӣ Ф.Б ва сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода М.М бо мутахассисони соҳаи тибби  Ҷумҳурии  Халқии Хитой, ки 24 майи соли равон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, вохӯрӣ намуданд.

Дар ҷараёни вохурии судманд муовини раиси вилояти Хатлон Шарифӣ Ф.Б ва сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода М.М  ташрифи  мутахассисони Ҷумҳурии Халқии Хитойро  ба мамлакат идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯсту бародар арзёбӣ намуданд.

Қайд гардид, ки  айни замон табодули таҷрибаи  мутахассисони соҳаи тибби  Ҷумҳурии Халқии Хитой бо мутахасисони соҳаи тибби вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони  сирояти коронавируси нави COVID-19 саривақтӣ мебошад.

Дар навбати худ мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Халқии Хитой барои пазироии гарму самимӣ ба муовини раиси вилояти Хатлон Шарифӣ Ф.Б ва сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода М.М  изҳори сипосу миннадторӣ баён намуданд.

Маврид ба зикр аст, мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Халқии Хитой дар вилояти Хатлон бо табибони сироятшинос ва эпидимиологҳои вилоят оид ба пешгирӣ ва табобати беморони коронавируси нави КОВИД-19 табодули таҷриба намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 710
  • 1,242
  • 949,730