Ташрифи нейрохирургони хориҷӣ ба Тоҷикистон (АКС)

Ташрифи нейрохирургони хориҷӣ  ба Тоҷикистон (АКС)
Октябр 22
12:02 2019

Як гурӯҳ нейрохирургон аз кишварҳои Белгия, Голландия ва Швейтсария тибқи шартнома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Мақсад аз ташрифи ҷарроҳони хориҷӣ табодули таҷриба бо  ҷарроҳони тоҷик ва густариш додани  ҳамкориҳо дар соҳа мебошад.

Нейрохирургон доктор Антон Лукеш, профессор Томаш  Меновски, ҳамшираи ҷарроҳ Ольга Крауз, анестизиолог Кристиан Реликс имрӯз, 22  октябр дар шӯъбаи ҷарроҳии асаби кӯдаконаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон–«Шифобахш» бо ширкати ҷарроҳони ватанӣ амалиёти ҷарроҳии гирифтани омоси майнаи сарро ба бемор Зоирова Бибиоишаи 7 сола, сокини шаҳри Турсунзода гузарониданд.

Корманди Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Шоҳсаидов  дар амалиёти ҷарроҳии мазкур иштирок намуд. Аксҳои зер аз ҷараёни амалиёти ҷарроҳии мазкур гирифта шудаанд…

Маврид ба ёдоварист, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд кишварҳои олам  барои табодули таҷрибаи кормандони соҳаи тиб шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки мутахассисони баландихтисос аз кишварҳои гуногун ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, ба беморон амалиётҳои ҷарроҳии ройгон мегузаронанд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 614
  • 1,242
  • 949,634